Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Хушктарин ҷойи дунё Водии Халифа (дар Судон) мебошад.

Ин аст, ки матлаб ро ба ҷойи 11 калима бо 8 калима ифода кардан мумкин буд.

Ғайр аз ин, ҷумлаҳое аз ин қабил, ба назари мо, чаппа сохта шудаанд — аввали онҳо дар охир омадааст:

Ин университет дар қитъаи Африқо аз ҳама калонтарин мебошад.

Ҳоло зуд ба охир расидани кишт вазифаи аз ҳама муҳимтарин аст.

Дар ин ҷумлаҳо мубтадо ба ҷойи хабар ва хабар ба ҷойи мубтадо омадааст. Ба фикри мо, шакли дурусти ифодаи чунин маъниҳо ин аст:

Калонтарин донишгоҳи Африқо ҳамин донишгоҳ мебошад (ё ҳамин мебошад).

Ҳоло муҳимтарин вазифа зуд ба охир расонидани кишт аст.

Чаро чунин сохти ҷумла мантиқан дурусттар аст? Ба назар мерасад, ки он чӣ бояд таъкид шавад, агар мубтадо шуда бошад, беҳтар аст. Модом ки калонтарин донишгоҳ будани як донишгоҳро таъкид кардан мехоҳем, ин таъкидро аз оғози ҷумла — аз мубтадо сар кунем, ба ҷумла бештар қувват мебахшем. Ё ки дар ҷумлаи дувум низ аввал аҳамияти махсуси як вазифаро таъкид намуда, баъд худи он вазифаро номбар кунем (зудтар ба охир расонидани киштро гӯем), ба фикри мо, таъсири ҷумла зиёдтар мешавад.

Боз як тарзи истифодаи дараҷаи олии сифат (пасванди -тарин) ҳаст, ки ба назари мо нодуруст менамояд.

Вазифаи -тарин таъкиди аҳамияти яке аз сифатҳои шахсе ё чизест. Аммо ҳоло дар мавридҳое ҳам, ки таъкид ҳеҷ даркор нест, ин пасвандро кор фармуда истодаанд. Дар натиҷа мантиқи сухан халал мебинад ва гоҳ тамоман вайрон мешавад. Чунончи:

Омӯхтани мероси бойтарини шоир аҳамияти калон дорад.

Аз ин ҷумла чунин таъкид мебарояд, ки фақат бойтарин мероси он шоирро омӯхтан аҳамияти калон дорад. Яъне он шоир гӯё се хел мерос доштааст: мероси бой, бойтар ва бойтарин, фақат омӯхтани қисми севуми он аҳамияти калон доштаасту омӯхтани дигар қисмҳо дорои аҳамияти хурд будааст. Ва ҳол он ки

пешина
аз 393
навбатӣ