Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

пайвандаки «ки» дар забони тоҷикӣ думушкилкушоест, ки сахттарин мушкилҳоро осон карда, ба ибораю ҷумла намуди хуш ва оҳанги форам мебахшад. Мо аз баъзе мисолҳои бобҳои гузашта дидем ва дар оянда боз хоҳем дид, ки дар бисёр мавридҳо аз изофат ё пайвандаки «ки» гурехтани ходимони матбуот ба мазмун ва ҳусни ибораю ҷумла халал меорад.

«АЗ ҲАМА КАЛОНТАРИН»

Дар навиштаҳои имрӯза боз як гурӯҳи ибораҳои изофии пешоянддор ҳастанд, ки онҳоро ҳаргиз дуруст ҳисоб кардан мумкин нест: кони аз ҳама чуқуртарин, даъвои аз ҳама калонтарин, кино санъати аз ҳама оммавитарин аст.
Маънои худи калимаи «калонтарин» — аз ҳама калон аст. Модоме ки худи «калонтарин» аз ҳама калон гуфтан будааст, пеш аз ин калима зикр кардани «аз ҳама» ҳаргиз лозим нест. Ё ки агар дар ибора калимаҳои «аз ҳама» зикр шуда бошад, сифатро бедараҷа («калон») ё ба дараҷаи қиёсӣ («калонтар») гузоштан лозим аст, яъне даъвои аз ҳама калон ё даъвои аз ҳама калонтар гуфтан даркор аст. Он гоҳ ибора ба қолиби дуруст медарояд.
Ин ибораҳо боз як қолиби дигар доранд, ки ин аст: калонтарин даъво, чуқуртарин кон. Дар ин сурат сифатро бо пасванди «тарин» зикр кардан мумкин аст. Бо ин қолиб ибора боз ҳам мавзунтар мешавад, зеро калимаҳои «аз ҳама» аз ибора меафтад.
Аз он чӣ гуфта шуд, хулоса ҳамин аст, ки «аз ҳама» хоси сифати бедараҷа ё дараҷаи қиёсии сифат буда, онро бо дараҷаи олии сифат (бо пасванди -тарин) кор фармудан мумкин нест.
Чунончӣ, дар ин ҷумла «аз ҳама» дуруст омадааст:
Дар ҷаҳон аз ҳама зиёдтар дар Сенегал арахис истеҳсол мешавад.
Аммо ҷумлаи поин ислоҳ металабад:
Аз ҳама хушктарин нуқтаи дунё маҳалли Вадӣ Халифа (дар Судон) мебошад.
Дар ин ҷумла на фақат «аз ҳама» зиёдатист, балки зикри «маҳал» ҳам чандон зарур нест ва «водӣ»
саҳван «вадӣ» навишта шудааст. Яъне ҷумла чанд айб дорад. Онро лоақал ин тавр ислоҳ кардан шояд беҳтар мебуд:

пешина
аз 393
навбатӣ