Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ки фаҳмидани ин, ки ҳар яке аз ин ибораҳо аз куҷо сар шуду дар куҷо ба охир расид, амри маҳолест. Он гоҳ ҷумларо ду-се бор хондан лозим аст, то ки мазмуни он мафҳум ва сохти он маълум шавад.
Албатта, як мазмунро ҳар муаллиф ва ҳар тарҷумон одатан ба таври худ адо мекунад. Услуби ҳар соҳибқалам хусусиятҳое дорад ва ин хосияти ӯро ба назар гирифтан лозим аст. Вале фасоҳату балоғати забон ҳам қоидаҳое дорад, ки хусусиятҳои услуби хоси ҳар яке аз аҳли қалам бояд зидди он қоидаҳо наравад. Ба ақидаи мо, он ҳама муайянкунандаҳои пешояндноки мураккабу печ дар печ, ки баъзеашон ҳатто пайвандаку пасвандҷонишинҳо ҳам доранд, ба ҳусни баён халал меоранд ва зидди қоидаи фасоҳатанд. Ин ибораҳо дар забони мо нав пайдо шудаанд (аз забони узбакӣ ва русӣ омадаанд), вале ҳар чизи навро чизи хуб ҳисоб кардан мумкин нест. Чизи нав дар он сурат қимат пайдо мекунад, ки аз чизи кӯҳна беҳтар бошад. Шакли аслии ибораҳои боло ҳамоно бо пайвандаки ки ба тарзи ҷумлаи пайрави муайянкунанда тартиб ёфтани онҳост (масалан, хонае, ки аз дуди манқал шифта вассабӯрёш сип-сиёҳ шуда буд). Эҷодиёти устод Айнӣ ин фикрро ба хубӣ тасдиқ менамояд. Ҳар гоҳ ки мавриди ин гуна ибораҳо бошад, устод Айнӣ ба ҷумлаи пайрав, яъне ба пайвандаки ки рӯ меорад. Чунончи, ин ҷумлаҳои Айниро аз назар гузаронем:
«Як бачаи дигарро, ки аз худаш калонсолтар буд, чег зад»; «Бо як қалами фулодин, ки дамаш аз дами искана тунуктар буд, он сӯрохро суфта кард»; «Реги сурхи шаффоф, ки монандӣ орди бехташуда маҳин ва нарм буд, дар зери пой намеистод».
Дар ин мисолҳо ҷумлаи пайрав ҳамон вазифаеро, ки ҳоло дар забони матбуот муайянкунандаи тафсилию пешоянднок иҷро менамояд, адо кардааст. Агар кор ба қаламкашҳои имрӯза мемонд, он ҷумлаҳоро ин тавр месохтанд: «Як одами дигари аз худаш калонтарро чеғ зад», «Бо як қалами фулодини дамаш аз дами искана тунуктар он сӯрохро суфта кард».
Гоҳ чунин тасаввур пайдо мешавад, ки ходимони матбуоти мо қадри пайвандаки «ки»-ро намедонанд. Онҳо на танҳо дар ҷумлаҳои боло, балки дар мавридҳои дигар ҳам аз истифодаи «ки» худдорӣ мекунанд ва аз ин кори онҳо ҷумла зарар мебинад. Изофат ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё