Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Агар дар ибораи халқии «фарзанди ба ҷон баробар» муайянкунанда танҳо аз се калима иборат бошад, дар мисолҳои боло яке панҷ калима ва дигаре ҳашт калимаро дар бар гирифтааст. Ин ҳолат яке аз сабабҳои вазнин шудани ибора аст.
Ибораи изофии пешоянддоре, ки таркиби он аз се калима зиёдтар аст, одатан вазнин ва дурушт меояд. Хусусан агар ба таркиби ин гуна ибора ду пешоянд ё пасоянди «-ро» ва ё бандаке ҳам дохил шавад, аксаран ҳусни ибора тамоман аз байн меравад.
Мо ин ҷо ба ҳамин чиз махсусан диққат ҷалб кардани ҳастем, ки ин ибораҳо дар матбуоти ҳозира рӯз то рӯз калимаҳои бисёртареро дар бар гирифта, пеҷ дар пеҷ ва мураккабтар шуда истодаанд. Ибораҳои дарози дарун ба дарун пайдо шуда истодаанд, ки хеле вазнин ва нозеб буда, фасоҳати суханро аз миён мебаранд. Ин «қоида» ҳоло аз матбуот ба адабиёти бадеӣ гузаштааст ва ба ҳолати табиии тасвирҳои бадеӣ халал расонда истодааст. Чунончи, дар адабиёти бадеӣ ин гуна ибораҳо сохтаанд:
Хонаи аз дуди манқал шифти вассабурӯш сип-сиёҳ.
Як қабза риши ба андозаи чоряки қадаш дарози хурморанг.
Як камонаки хеле бо ҳавсала сохташудаи тиркашаш аз резинҳои дарозу тирдонаш чармин.
Қолини гулҳояш мисли гулҳои доманаи кӯҳҳо дар баҳорон зебову ранг ба ранг.
Чунонки мебинем, яке аз ин ибораҳо ҳатто ду пешоянд дорад. Ғайр аз ин, пайвандаки «-у» ва бандаки «-аш» ҳам дида мешавад. Адади калимаҳое, ки баъд аз аввалин изофат омадаанд, то ба ёздаҳ расидааст. Инак он ибораи зебои фарзанди ба ҷон баробар куҷо монду ин ибораҳо куҷо рафтаанд! Байни он ибораи халқӣ ва ин ибораҳои мо магар фарқ аз замин то осмон нест?! Оре, чунин аст ва мо бояд эътироф кунем, ки ин ибораҳо аз заминаи халқӣ канда шуда, аз намунаи халқӣ хеле дур рафтаанд. Он ибораи халқӣ чӣ қадар зебо бошад, ин ибораҳо ҳамон қадар баднамуд ва гӯшхарош ҳастанд.
Ҳаминро ҳам фаромӯш кардан лозим нест, ки мо ин ибораҳоро аз ҷумла ҷудо карда гирифтем ва ҳол он ки онҳо дар дохили ҷумлаҳои калон омадаанд. Дар баъзе ҷумлаҳо аз ин ибораҳо якбора ду-се адад меояд ва ҷумла чунон печ дар печ ва бесару нӯг шуда мемонад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё