Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

фаҳмидан намехоҳанд, ки -нок ва -нокӣ одатан фақат ба исм мечаспад ва онро ба дигар ҳиссаҳои нутқ часпондан мумкин нест. Масалан, ба сифат часпондани
-нокӣ тамоман дуруст нест:
Ин ғайрату фаъолнокӣ аз лаҳзаи ошиқшавии ӯ зоҳир шудан мегирад.
Ин ҷумла, ба назари мо, аз он ҷумлаҳоест, ки камсавод ё бесаводе менависад ва хушсаводон ба чоп медиҳанд. Айби асосии он дар фаъолнокӣ зоҳир шудааст. Фаъол сифат аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ -нокӣ қабул карда наметавонад. Қамаш боз ду айби дигар дар ин ҷумла ҳаст ва онро лоақал ба ин тарз таҳрир кардан даркор буд: Ин ғайрату фаъолият аз лаҳзаи ошиқ гардидани ӯ зоҳир шудан гирифт.
Фаромӯш кардан лозим нест, ки пасванди -нокӣ гоҳо ба калима намуди бад ва оҳанги нофораме мебахшад. Ин ҳолат эҳтимол аз он сабаб рӯй медарода бошад, ки ин шакли калимасозӣ пеш ниҳоят кам буд. Калимаҳои миннатдорӣ, соядорӣ, меҳмондорӣ, оиладорӣ ва мисли инҳо дар забони классикӣ бисёртар буданд, аммо ин ҷо «дор» пасванд нест, балки асоси феъли «доштан» аст. Калимаҳои соядор, миннатдор, оинадор ва дигарҳоро ҳамсохти калимаҳои ғамнок, дарднок, ришнок, ғазабнок ва мисли инҳо ҳисоб кардан лозим нест. Ин калимаҳое, ки бо пасванди -нок сохта шудаанд, дар забони классикӣ низ кам нестанд ва хусусан дар забони адабии Мовароуннаҳру Хуросон бештар буданд. Вале онҳо фақат гоҳ пасванди дувуми -й қабул мекарданд Аз ҳамин сабаб ҳарчанд ки калимаҳои хонадор ва хонанок дар забон ҳарду вуҷуд дошт, хонадорӣ (ба маънои соҳиби хона ва зану фарзанд будан) мегуфтанд, вале хонанокӣ намегуфтанд.
Ин аст, ки байни -дорӣ ва -нокӣ фарқ гузоштан лозим аст. Аксаран он ҷо, ки мавриди -дорӣ бошад, -нокӣ кор фармудан мумкин нест.
Нокӣ дар забони умумихалқӣ маънои тамоман дигареро мефаҳмонад. Маъное, ки -нокӣ дар калимаҳои ақибнокӣ («ақибнокӣ афтид»), пуштнокӣ, пешнокӣ, болонокӣ дорад, бештар ба маънои пешоянд ё пасванди «ба» наздик аст, аммо ба маънои «дорӣ» ҳеҷ мувофиқ намеояд Бо чӣ сабаб бошад, ҳи солҳои сии қарни бист ин «Дор»
ва «нок»-ро ҳамҳуқуқ донистанд ва мавқеи услубии онҳоро ба назар нагирифта, чунонки ба «дор» пасванди «-й»

пешина
аз 393
навбатӣ