Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Саводнокии талабагон ба касе вобаста аст, ки ба онҳо дарс мегӯяд.

Барои баланд бардоштани саводнокии талабагон воситаҳои гуногунро истифода кардан лозим аст.

Ин баланд бардоштани дараҷаи умумии саводнокии мардуми тоҷикро таъмин мекунад.

Ба ақидаи мо, дар ҳамаи чунин мавридҳо бидуни -нокӣ сухан кардан яке аз нишонаҳои саводи тарбиятгарҳо хоҳад буд. Ҳатман гуфтан лозим буд, ки: Савод яке аз шартҳои маданияти шахс мебошад; Саводи талабагон ба касе вобаста аст, ки ба онҳо дарс мегӯяд. Ва ҳоказо.

Боз ҳам гоҳ дида мешавад, ки -нокӣ ҷойи дигар воситаҳоро гирифтааст. Дар сурате ки матлабро ба тарзи дигаре ифода кардан лозим аст, «-нокӣ»-ро кор мефармоянд. Чунончи:

Муаллим аз саводнокии талабаҳо хурсанд мешуд.

Нутқи муаллим бояд бо мазмуннокии худ фарқ кунад.

Ин ду тарҷума дар бесифатӣ ва нуқсоннокӣ яке аз дигаре монданӣ надорад.

Вай Гулро ба ғайратнокӣ тарғиб менамуд.

Давомнокии роҳ 20 рӯз аст.

Дар ин ҷумлаҳо, ба фикри мо, матлабро бо -нокӣ не, балки ба тарзи дигаре адо кардан даркор буд. Чунончи, ба ин тарз:

Муаллим аз савод баровардани талабаҳо (ё аз хушсаводии талабаҳо) хурсанд мешуд.

Нутқи муаллим бояд пурмазмун бошад.

Ин ду тарҷума дар бесифатӣ ва пурнуқсонӣ яке аз дигаре монданӣ надорад.

Вай Гулро ба ғайратмандӣ тарғиб менамуд.

Ин роҳ 20 рӯз давом мекунад.

Мо дар бобҳои боло дида будем, ки баъзе шаклҳои калимасозӣ, баъзе воситаву тарзҳое, ки бисёр паҳн шудааст, ҷойи дигар шаклҳо ва воситаву тарзҳоро гирифта, дар забон ва тарзи баён як навъ маҳдудият оварда истодааст. Инро дар ҳаққи -нокӣ ҳам гуфтан лозим меояд. -Нокӣ низ аз ҳад зиёд истифода гардида на ҷойи дигар воситаву тарзҳоро гирифта, боиси якрангӣ шуда истодааст. Аз ин сабаб ҳам камтар истеъмол шудани он матлуб аст.

Баъзан дар ҷое, ки тамоман мавриди -нокӣ нест, онро истифода мекунанд. Ҳатто фаромӯш мекунанд ё

пешина
аз 393
навбатӣ