Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

бидуни -нокӣ ҳам маъно ба хубӣ ифода мегардад. Пас -нокӣ зиёдатӣ будааст. Дар ин мавридҳо пасванди «-нокӣ» ва «-ность»-ро мантиқи сухани русӣ такозо дорад, мантиқи сухани тоҷикӣ онро рад мекунад.

Фаромӯш набояд кард, ки масалан, худи калимаи «шуур» дар баъзе мавридҳо чӣ маънои «сознание» ва чӣ «сознательность»-ро баробар дар бар мегирад. Агар калимаи «шуур»-ро аз ҷумла ҷудо карда, худашро алоҳида мулоҳиза кунем, чунин хусусияти он маълум намешавад, вале ҳамин ки ба ҷумла дохил кардем, он хусусиятро пай бурдан мумкин аст.

Дигар калимаҳое, ки дар боло номбар кардем, низ дорои ин хусусият мебошанд: баъзан шиддат — ҳам напряжение ва ҳам напряженность, даромад — ҳам доход ва ҳам доходность, маданият — ҳам культура ва ҳам культурность гуфтан аст. Ин ҳақиқат на фақат аз ҷумлаҳои боло маълум мешавад, балки чунин калимаҳоро ба чанд хели дигари ҷумлаҳо дохил кунем ҳам, ҳамин натиҷа ба даст меояд.

Маданиятнокӣ дар матбуоти мо бисёр ба кор меравад. Ва ҳол он ки, ба назари мо, худи ин калима як аломати паст шудани маданияти сухан аст. Инро аз ҷумлаҳои зайл фаҳмидан мумкин аст:

«Одоб як нишонаи маданиятнокӣ мебошад».

«Дараҷаи маданиятнокии ҷамъиятро аз вазъияти зан фаҳмидан мумкин аст».

«Савияи маданиятнокии қишлоқро боло бардорем».

«Дар бораи маданиятнокии талабагон лекция хонд».

Аз ҳамаи ин калимаҳо «-нокӣ»-ро партофтан лозим буд: Одоб як нишонаи маданият мебошад; Дараҷаи маданияти ҷомеаро аз вазъи зан фаҳмидан мумкин аст; Савияи маданияти қишлоқро баланд кунем; Дар бораи маданияти талабагон суханронӣ кард.

Чунонки мебинем, маънои ин ҷумлаҳо боз ҳамон аст, ки бо -нокӣ буд. Ҳамин безарурат ба калима илова шудани унсуре, бешубҳа аз вайрон гардидани шарти фарҳанги сухан дарак медиҳад.

Яке аз серистеъмолтарин калимаҳои адабиёти методӣ саводнокӣ мебошад. Қамина ҳар дафъа ки онро мебинам, бовар ҳосил мекунам, ки ба ҷойи худи савод омадааст. Чунончи, ин ҷумлаҳоро аз назар гузаронем:

Саводнокӣ яке аз шартҳои маданиятнокии шахс мебошад.

пешина
аз 393
навбатӣ