Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

нави илми кимиё, физика ва ғайра бо ҳамин пасвандҳо сохта шудааст.

Ин пасвандҳо бештар барои ифодаи маънои пасванди русии «-ность» мувофиқ аст. Масалан, «напряжение»-ро шиддат, аммо «напряженность»-ро шиддатнокӣ тарҷума мекунанд. Яъне ин ҷо принципи муайяне ба хубӣ ҳис мешавад.

Аммо ба назар чунин мерасад, ки истифодаи ин дастур нуқсоне дорад. Ин нуқсон аз он ҷо маълум мешавад, ки агар баъзан ин калимаҳои навро ба ҷумла дохил кунем, пасванди «-нокӣ» батамом зиёдатӣ шуда мемонад. Барои мисол ҳамон калимаи «шиддатнокӣ»-ро гирем: «Шиддатнокии вазъияти байналхалқӣ кам шуд». Ба андак мулоҳиза тавон дарёфт, ки ин ҷо пасванди «-нокӣ» ҳеҷ лозим нест: «шиддати вазъияти байналхалқӣ» гӯем ҳам, маъно ҳамон аст, вале ибора шакли сабуктару дурусттаре пайдо мекунад.

Ғайр аз «шиддатнокӣ» чанд калимаи дигаре ҳам ҳаст, ки мо ин пасвандро ба онҳо ноҳақ илова кардаем. Чунончи, ба ҷумлаҳои зерин диққат кунем:

«Инҳо шоҳиди дараҷаи баланди шуурнокии аҳолӣ мебошанд».

«Протсесси баланд шудани шуурнокии миллии халқҳо инкишоф меёбад».

«Масъулиятнокиро бештар ҳис мекардагӣ шуд».

«Ҳангоми шеърхонӣ оҳангнокии ибораҳоро вайрон кард»:

«Даромаднокии колхозро таъмин кардан лозим аст».

«Аҳамиятнокии ин масъаларо ба назар гирифта...».

«Намнокӣ ва ҳарорати ҳаворо санҷиданд».

«Бартарии кори ӯ аз ҷиҳати сифатнокӣ қайд карда шуд» ва монандӣ инҳо.

Дар ҳамаи ин мисолҳо мақсадрод бе пасванди «-нокӣ» ҳам ифода кардан мумкин аст ва на танҳо мумкин, балки лозим аст.

Чунончи, ба ин тарз:

«Масъулиятро бештар ҳис мекардагӣ шуд».

«Ҳангоми шеърхонӣ оҳанги ибораҳоро вайрон кард».

«Даромади колхозро таъмин кардан лозим аст».

«Аҳамияти ин масъаларо ба назар гирифта...»

«Нам ва ҳарорати ҳаворо санҷиданд».

«Бартарии кори ӯ аз ҷиҳати сифат қайд шуд».

Ду таҳрири ҳар кадоми ин ҷумлаҳоро як-як муқоиса кунем, равшан мешавад, ки дар ҳамаи ин мавридҳо

пешина
аз 393
навбатӣ