Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Лекин ба муқобили феъли боварӣ кардан сахт эътироз кардан лозим аст.
Ин феъл дар забони адабии имрӯза асосан ба шакли бовар кардан вуҷуд дорад: чӣ дар адабиёти бадей ва чӣ дар матбуоти ҳаррӯза онро асосан дар шакли «бовар кардан» мебинем. Фақат баъзе рафиқон гоҳо ба ин ҳам як «-й» илова мекунанд, ки ҳамин корро нодуруст ҳисоб кардан лозим аст. Чунончи, ин байт:
Ватанам боварӣ ба ман кардаст,
Ки гирифта яроқро ба даст...
«БОВАР МЕКУНОНЕМ, КИ...»
Бовар кунондан касеро, ки бовар надорад ва дар дилаш шубҳае пайдо шудааст, ба бовар овардан аст. Ин маъниро аҳли матбуот ба назар намегиранд ва, масалан, мегӯянд:
«Роҳбариятро бовар мекунонем, ки план ва ӯҳдадориҳои худро барзиёд иҷро менамоем».
Ин ҷумла чунин маъно дорад, ки гӯё роҳбарият ба гапи мо бовар намекунад ва мо зӯр зада ӯро бовар кунониданӣ ҳастем. Ва ҳол он ки гӯяндаҳо ин маъниро дар назар надоранд. Дар ҷумлаи боло бовар мекунонем ба маънои заверяем омадааст. Аммо маънои заверять на фақат бовар кунонидан, балки инчунин итминон додан ҳам ҳаст. Ҳангоме ки камина муодили тоҷикии заверяем-ро меҷустам ва дар ин бобат бо рафиқонам маслиҳат мекардам, домулло С. Улуғзода ақида изҳор карданд, ки дар ин маврид «ба раҳбарият қавл медиҳем, ки», гуфтан лозим аст. Ба фикрам, ин таклиф қобили қабул аст.
Агар ин таклиф дар баъзе мавридҳо ё умуман мақбул наафтад, чизи дигаре бояд ёфт. Худи бовар кунондан ба ҷойи заверять, ба назари мо, чандон мувофиқ нест.
«ШУУР» ва «ШУУРНОКӢ»
Яке аз навъҳои калимасозӣ, ки дар забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ мавқеи калон дорад, бо ёрии пасвандҳои «-нокӣ» (нок-й) сохтани калима аст. Бисёр истилохоти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё