Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

Касеро тоқати шунидан набошад, ё баъд аз истимоъ бовар надорад.
(Аҳмади Дониш)

Бовар шудан:
Гӯям, ки кор аз ғами ишқат ба ҷон расид,
Гӯйӣ: маро ҳадиси ту бовар намешавад.
Анварӣ

Бовар будан:
Дари майхонаро бикшо, ки ҳеҷ аз хонақаҳ накшуд, Ғарат бовар бувад, в-ар на, сухан ин буд, мо гуфтем.
Ҳофиз Суханҳои Айнист хуштар зи ҷон, Агар боварат не, биёву бихон.
Садри Зиё

Бовар омадан;
Гуфтӣ, ки бо ту ёрам, оҳ, ин дурӯғ гуфтӣ,
В-ар з-он ки рост бошад, кай аз ту бовар ояд.
Ҳилолӣ

Баъзеи ин ибораҳои феълӣ дар забони тоҷикӣ (чи дар забони адабӣ ва чи дар гуфтугӯ) ҳоло ҳам мавҷуданд.

Лекин дар забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ дар баъзе мавридҳо ба калимаи «бовар» як пасванди «-й» илова шудааст. Хусусан вақте ки ин калима бо феъли «доштан» меояд, ба он, албатта, пасванд ҳамроҳ карда, «боварӣ доштан» мегӯянд: «Бо авҷу барори кори худ боварии комил доштанд». «Ба ғалаба боварӣ дорем» ва дигарҳо.

Шакли боварӣ доштан ҳоло чунон машҳур аст, ки ҳатто Айнию Лоҳутӣ ҳам онро қабул кардаанд ва ба кор бурдаанд. Дар асарҳои Айнию Лоҳутӣ ҳарду шакли ин феъл — ҳам «бовар доштан» ва ҳам «боварӣ доштан» дида мешавад.

Модомки калимаи «боварӣ» бо феъли «доштан» дар забони имрӯза ин қадар интишор ёфтааст, албатта, онро нодуруст ҳисоб кардан мумкин набудагист.

Мо ин ҷо ҳамин чизро таъкид кардан мехоҳем, ки дар айни замон калимаи бовар ва феъли бовар доштан ҳам дар забони имрӯза бояд соҳиби ҳуқуқ бошад ва умуман муҳаррирони мӯҳтарам ҳар ҷо, ки калимаи «бовар»-ро диданд, ба он як «-й» илова накунанд.

пешина
аз 393
навбатӣ