Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«БОВАРӢ» ВА «БОВАР»
Дар забони гуфтугӯ одатан баъзе калимаҳо ихтисор мешаванд, дар баъзеи онҳо ҳарфе илова мегардад, дар баъзеашон ҷойи ҳарфҳо табдил меёбад. Дар забони адабӣ одатан аксари ин тағйирот барҳам мехӯрад ва шакли дурусти калимаҳо қабул мешавад.
ЯК намунаи илова шудани ҳарфе ҳамон калимаи хатогӣ мебошад, ки мо дар боло дидем. Намунаи дигари он калимаи сафарбар аст. Дар матбуоти мо ба ин калима як «-й» илова карда, масалан, мегӯянд: «Ҳамаи қувваҳои худро сафарбарӣ карданд» ва ҳол он ки ин ҷо «сафарбар карданд» гуфтан лозим аст. Зеро мавриди «сафарбарӣ» дигар аст. Чунончи, гуфтан мумкин аст, ки «ӯ аз сафарбарӣ монд». Дар ин маврид пасванди «-й» зиёдатӣ нест.
Дар ин ҷумла хавотирӣ ба ҷойи хавотир омадааст: Акнун аз модар хавотирӣ надошт».
Агар дар назди услуб ва тарзи баён андаке талаботи сахт гузорем, бояд гӯем, ки -й дар ин хавотирӣ зиёдатист.
Дигар калимае, ки ба он як «-й»-и нолозим илова шудааст, боварӣ мебошад.
Асли ин калима бовар аст. Дар ягон фарҳанги забони классикӣ ин калима ба шакли боварӣ наомадааст. Дар китобҳои луғат феълҳое, ки бо ин калима сохта мешаванд, низ бидуни «-й» қайд шудаанд: бовар кардан, бовар доштан.
Дар адабиёти классикӣ бо калимаи бовар феъли бисёр сохта шудааст, вале дар ягонтае аз ин феълҳо ба «бовар» пасванди «-й» илова накардаанд. Чунончи:
Бовар доштан:
Бовар аз бахт надорам, ки ба сулҳ аз дари ман
Он бути сахтдили сахткамон бозомад.
Саъдӣ
Дигар бовар намедорӣ, рав, аз суратгари Чин пурс,
Ки Монӣ нусха мехоҳад зи нӯки килки мушканам.
Ҳофиз
На ҷома, гарчи ҷон пора кунам, кай боварам дорӣ,
Туро, к-осеби хоре ҳеҷ гаҳ нагирифт дар доман.
Хусрави Деҳлавӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё