Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«ХАТОГИ» ХАТОСТ!
Калимаи хатогӣ, ки ҳоло дар матбуоти мо ва сухани ҳамагон мушоҳида мешавад, калимаи нодуруст аст. Чунки ин «хатогӣ»-ро ба ҷойи ҳамон калимаи муқаррарии «хато» кор мефармоянд. Аз ҳамин сабаб ин ҷо пасванди «-гӣ» тамоман зиёдатист, яъне онро партофта, калимаро ба шакли аслии он — ба шакли «хато» даровардан лозим аст.
Дар забони тоҷикӣ калимаи хатой низ ҳаст. Маънои он хато будан, нодуруст будан мебошад. Агар барои равшан шудани масъала инро ба русӣ тарҷума кунем, хато — ошибка, аммо хатой — ошибочность мешавад.
Бино бар ин ҳам «хатогӣ» ва «хатой»-ро ба маънои «хато» кор фармудан мумкин нест.
Агар фаразан калимаи хатогӣ аз ҷиҳати маъно дуруст мебуд ҳам, онро ба эътибори шакл нодуруст ҳисоб кардан лозим намеомад. Зеро чунонки маълум аст, калимае, ки бо ҳарфи «О» тамом шудааст, пасванди «-гӣ»
не, балки пасванди «-й» мегирад. Аз ин ҷиҳат калимаи хатогӣ ҳам маънан ва ҳам шаклан нодуруст аст.
Афсӯс, ки аҳли матбуоту нашриёт ин қоидаи муҳими истифодаи пасвандҳои «-й» ва «-гӣ»-ро низ риоя намекунанд.
Устод Айнӣ чандин бор таъкид карда буд ва дигарон (аз ҷумла, Т. Зеҳнӣ) ҳам дар матбуот қайд карда буданд, ки агар калима бо ҳарфи «а» тамом шуда бошад, пасванди «-гӣ» қабул мекунад (хона — хонагӣ), лекин агар охири калима «о» бошад, ба он пасванди «-й»
ҳамроҳ кардан даркор аст: доно — доной, ошно — ошной, ҳалво — ҳалвой, зебо — зебой, хоно — хоной.
Қаламкашҳои мо дар аксари мавридҳо ин қоидаро вайрон мекунанд. Калимаю ибораҳои доногӣ, зебогӣ, устогӣ, тобиши маъногӣ, бепарвогӣ ва ғайра дар матбуот бисёр дида мешавад.
Бояд қайд кард, ки ин тарзи нодурусти истифодаи «-гӣ» дар забони гуфтугӯии тоҷикон ҳаст. Ҳам хатогӣ ва ҳам доногӣ, зебогӣ ва ғайра бо ин шакли нодуруст аз забони гуфтугӯ омадааст. Лекин мо бояд фаромӯш накунем, ки аз забони гуфтугӯ ба забони адабӣ ҳама чизро айнан гирифтан мумкин нест. Чизҳое ҳаст, ки дар гуфтугӯии умум ё баъзе маҳалҳо вайрон шудааст ва вазифаи мо ин аст, ки шакли дурусти онро ёбем, ки ба қоида мувофиқ бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё