Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

кӯҳистонӣ ҳам омадааст: кӯҳиён — аҳолии кӯҳистон (ба монанди «шаҳрӣ», «қишлоқӣ» ва ғайра).

Лекин дар матбуоти мо доираи вазифаи ин сифатро хеле васеъ кардаанд ва мегӯянд: одами кӯҳӣ, мусиқии кӯҳӣ, таронаи кӯҳӣ, оҳанги кӯҳӣ, мелодияи кӯҳӣ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва дигарҳо. Аз ин ибораҳо ба тарзи зайл ҷумла месозанд: «Консерти мусиқии кӯҳиро мешунавем», «Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад», «Ин мамлакати кӯҳӣ роҳи оҳан надорад», «Сохтмони ин роҳ дар шароити душвори кӯҳӣ анҷом ёфт».

Ба фикри мо, дар ин мавридҳо сифати «кӯҳӣ» дуруст намеояд, балки калимаи «кӯҳсор» ё «кӯҳистон»-ро кор фармудан лозим аст. Чунончи, мардуми кӯҳистон (ба ҷойи одами кӯҳӣ), мусиқӣ, тарона ва оҳангҳои кӯҳистон, ноҳияҳои кӯҳистон ё кӯҳсор, мамлакати кӯҳистон ё кӯҳсор, шароити кӯҳсорон.

Дар ҷумлаҳои зерин ҳам калимаи «кӯҳӣ» нодуруст омадааст: «Дар сарзамини Қаротегини кӯҳӣ зарфҳои сафолинро одӣ месозанд». Ин ҷо сарзамини кӯҳистони Қаротегин гуфтан лозим буд.

Номи расмию маъмурии Помирро Вилояти автономии Бадахшони кӯҳӣ гуфта буданд. Дар ин ҷо ҳам кӯҳӣ бемаврид омада буд. Солҳои сиюми асри бист ин вилоятро дигар хел ном мегирифтанд: «Ӯ яке аз шоирони вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аст» («Барои адабиёти сотсиалистӣ», 1933, № 8—9, саҳ. 53). Шакли дурусти ин ном ҳамин аст ва онро имрӯз аз нав барқарор карданд, ки беҳтар шуд: Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон.

Истилоҳоти институти кӯҳӣ, инженери кӯҳӣ ва монанди инҳо тамоман нодуруст аст. Дар ин маврид ё пажӯҳишгоҳи кӯҳ ва муҳандиси кӯҳ ва ё пажӯҳишгоҳи кӯҳшиносӣ ва муҳандиси кӯҳшинос гуфтан даркор аст.

Ин гуна нодуруст кор фармудани калимаи «кӯҳӣ» ҳоло чунон интишор ёфтааст, ки ба адабиёти бадеӣ, ҳатто ба шеър ҳам гузаштааст:

Гиёҳам, зодаи кӯҳам, на он гулдастаи гулдон,
Ба сардиҳову сахтиҳо кӯҳӣ кардаам одат.

Бешубҳа, ин ҷо мавриди «кӯҳӣ» нест, балки сахтиҳои кӯҳ (ё кӯҳсор ва ё кӯҳистон) гуфтан лозим буд.

пешина
аз 393
навбатӣ