Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

илова мекарданд, ба «-нок» ҳам онро бештар мечаспондагӣ шуданд. Дар натиҷа калимаҳои бисёре аз қабили ҳурматнокӣ (ба ҷойи эҳтиром), шуҷоатнокӣ (ба ҷойи шуҷоат ё шуҷоатмандӣ), нуқсоннокӣ, нисбатнокӣ, нашъанокӣ, нафънокӣ, рентабелокӣ пайдо шуданд.

Чунин майлу хоҳиши аҳли матбуотро, ки имрӯз ҳар кас мехоҳад ба пасванди «-нокӣ» ҳар чӣ бештар калимаи нав созад, то андозае маҳдуд кардан лозим аст. Ҳаминро ҳам ба назар гирифтан даркор аст, ки баъзеи он калимаҳоеро, ки ҳоло бо «-нокӣ» месозанд, бо дорӣ тартиб додан нағзтар аст.

Дар баъзе мавридҳое, ки барои ифодаи мафҳуми нав калимаи наве сохтан лозим меояд, истифодаи «-нокӣ» тамоман ҷоиз аст. Чунончи, дар байни истилоҳоти адабиётшиносӣ калимаҳои ғоянокӣ (идейность) ва образнокӣ (образность) пайдо шуд. Ин гуна калимаҳо дар истилоҳоти нави дигар илмҳои имрӯза низ дида мешавад. Ба фикри мо, ба ин калимаҳо эрод гирифтан лозим нест. Баъзан дар ин калимаҳо «нокӣ»-ро ба «-дорӣ» иваз кардан хуб нахоҳад шуд. Он гоҳ лозим меояд калимаҳоеро, ки пасванди «-нокӣ» доранд, истифода кунем.

Музаффар Олимов, ки дар атрофи масъалаи фарҳанги сухан чанд мақола навишта, таклифҳои ҷиддӣ пеш ниҳода буд, аз ҷумла бе зарурӣ истифода шудани «-нокӣ»-ро таъкид карда, дар айни замон гуфта буд, ки «мафҳуми ҳосилнокӣ (беҳтараш маҳсулнокӣ) самараи меҳнати ҳар як кас ё коллективро дар назар дорад ва фақат ба ҳамин маънӣ истифода шудани он лозим аст»1. Мо ин фикри ӯро дастгирӣ мекунем.

«ВУСЪАТИ ВАСЕЪ»

Баъзан чунин ҷумлаҳое месозанд: «Мусобиқа васеъ вусъат дода шуд»; «Пахтачинӣ васеъ вусъат ёфт».

Ин ҷо калимаҳои «васеъ» ва «вусъат»-ро якҷоя овардан нодуруст аст. Ин ду калимаи арабӣ аз як реша буда, маънои «вусъат» фарохию васеъӣ мебошад, «васеъ» фарох ва вусъатнок гуфтан аст, яъне яке исм ва дигаре сифат аст. Маънои феълии «вусъат додан» ва-

  1. Олимов М. Сухан бояд саҳеҳ бошад. «Газетаи муалли-мон», 7 апрели соли 1984.
пешина
аз 393
навбатӣ