Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

лабҷанг номида шудааст. Лабҷанг калимаи зебо ва хушсадо буда, худ як оҳанги гӯшнавоз дорад. Агар онро чанги лабӣ мегуфтанд, аз ин ҳусну мусиқӣ осоре намемонд. Вале имрӯз ҳамин ки чунин маъниеро ифода кардан лозим шуд, як тарҷумон онро ба шакли ибораи изофӣ дароварда, бо -ӣ сифат сохтааст: гармошкаи лабӣ. Дар сурате ки дар забони мо қолиби рехтаи лабҷанг мавҷуд аст, ин ибораи -й-дори тарҷумонро қабул кардан душвор аст. Албатта, чунин ибора сохтан кори осон аст ва дар ин маврид ҳеҷ фикр кардан зарур нест. Лекин агар тарҷумон аз забон намуна ҷустан ва дар сари он майна об карданро ба худ раво медид, мумкин буд, ки, масалан, калимаи лабгармошка ба миён ояд. Шояд ин ҳам чандон калимаи зебо набушад, вале ба ҳар ҳол мувофиқи намунаи халқист. Ба назари мо, лабгармошка аз гармошкаи лабӣ беҳтар аст.

Дар баъзе калимаҳои дигаре ҳам, ки бо пасванди -й сохта шудаанд, намунаҳои мавҷуда аз эътибор соқит шудааст. Як мисоли инро дар боло дар ибораи мағозаи нон ва фермаи ширӣ дидем. Ҳоло боз чанд мисоли дигар меорем.

Ибораҳои илми иқтисодӣ, илми биологӣ, институти ботаникӣ, институти тиббӣ аз ҷумлаи онҳоанд, ки ба намунаҳои мавҷуда мувофиқ намеоянд.

Чунонки маълум аст, номи ҳамон илмҳо дар тоҷикӣ баъд аз калимаи «илм» ба шакли исм зикр мешавад: илми забон, илми арӯз, илми адабиётшиносӣ, илми ҳандаса ва ғайра. Ҳаргиз «илми забонӣ» ё «илми таърихӣ» нагуфтаем. Пас чаро имрӯз илми иқтисодӣ ё илми биологӣ бояд гӯем? Не, инро ҳам илми иқтисод ва илми биология ё зистшиносӣ гуфтан даркор аст. Баъзан ба ҷойи ибораи илми иқтисод калимаи иқтисодиёт меояд, ки низ дуруст аст (ба монанди табииёт — илмҳои табиатшиносӣ, иҷтимоиёт — илмҳои ҷомеашиносӣ, ки зикраш гузашт).

Дар бораи институти ботаникӣ, институти тиббӣ ва ғайра низ ҳаминро гуфтан лозим аст, ки дар тоҷикӣ одатан номи муассисаҳои илмӣ ҳам ба шакли исм сох-та мешаванд, на сифат: институти забон ва адабиёт, ин-ститути таърих ва мисли инҳо. Модомки чунин аст, ин-ститути ботаника, институти тиб гуфтан даркор аст, на институти ботаникӣ ва институти тиббӣ. Аз ин қиёс уп-равленияи гелогӣ низ бояд идораи заминшиносӣ гуф-та шавад.

пешина
аз 393
навбатӣ