Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Дар асарҳои устод Айнӣ номи бозорҳо бисёр зикр шудааст: бозори алаф, бозори ресмон, бозори орд, бозори асп. Баъзеи ин номҳо дар шаҳрҳои қадим ҳоло ҳам зиндаанд. Чунончи, дар Хуҷанд номи маҳаллеро Бозори Панҷшанбе мегӯянд. Дар ҳамаи ин номҳо пасванди «й» (ё «-гӣ», «-вӣ») иштирок накардааст.
Мо имрӯз ин намунаро ҳам гоҳ фаромӯш мекунем. Масалан, мегӯем: бозори кулинарӣ, ярмаркаи мактабӣ. Ва ҳол он ки аз рӯйи намунаҳои боло якумиро бозори ошпазӣ гуфтан беҳтар бояд бошад, зеро он ҷо маҳсулоти ошпазӣ ба фурӯш меравад. Аммо дар ибораи ярмаркаи мактабӣ масъала ранги дигар мегирад. Онро «ярмаркаи мактаб» гуфтан мумкин набудааст, зеро агар чунин гӯем, ярмарка ба мактаб бевосита нисбат пайдо мекунад, ки гӯё аз они мактаб аст. Бино бар ин онро гоҳ ярмаркаи мактаббачагон меноманд, ки ин беҳтар менамояд, зеро дар ҳақиқат ба мактаббачагон нисбате дорад. Он гоҳ чунонки дар номи бозори гулфурӯшон бозор ба фурӯшандагон нисбат пайдо кардааст, байни ярмарка ва харидорон нисбате ба миён меояд.
Лекин дар мавриди бозори китобфурӯшӣ ва мағозаи китобфурӯшӣ бояд аз бозори орд, каппони орд ва монанди инҳо намуна гирем. Дар ин мавриди ба ном илова шудани мафҳуми «фурӯхтан» зарур нест, зеро маънои худи калимаи «бозор», «дукон», «мағоза» мафҳуми харидуфурӯшро дар бар мегирад. Пас бозори китоб ва мағозаи китоб гуфтан кифоят аст.
Дар номи равғанҳо ҳам гоҳ намунаҳои мавҷударо ба назар намегиранд. Аксари номи равғанҳоро бо -й (-гӣ, -вӣ) месозанд: равғани соявии пок, равғани ҷуворимаккагӣ ва ғайра. Ва ҳол он ки намунаи халқии онҳо -й надорад: равғани зағир, равғани кунҷид, равғани зайтун. Аз ин рӯ, имрӯз ҳам равғани соя (ё ки равғани поки соя), равғани ҷуворимакка, равғани офтобпараст гуфтан лозим меояд.
Дар бисёр мавридҳо калимаи корӣ безарурат -й гирифтааст.
Чунончӣ, дар забони умумихалқӣ ҷомаи кор машҳур аст ва онро корҷома ҳам мегӯянд. Аммо имрӯз аз чӣ сабаб бошад дар матбуот ва адабиёти бадеӣ ин маъниро аксаран бо -ӣ ифода мекунанд ва масалан, либоси корӣ менависанд. «Ман либоси кориамро кашидам», «Ӯ ҳилъати корӣ дар бар комбайнро мегардонд» ва монанди инҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё