Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

шикоятӣ, исми абстрактӣ, сухани конкретӣ ва ғайра калимаи дувумро на ба шакли сифат, балки ба шакли исм овардан беҳтар аст. Ба назари мо шакли дурусттари ин ибораҳо Дарси такрор, дарси ҷамъбаст, арзаи шикоят, исми номушаххас, сухани мушаххас мерасад.

Дар рӯзномаву китобҳои тоҷикӣ калимаи лозимӣ ба маънои даркорӣ ва зарурӣ бисёр вомехӯрад (китобҳои лозимӣ). Аммо ин калима дар ҳамаи лаҳҷаҳои тоҷикӣ асосан ба маънои эзор омадааст (куртаю лозимӣ). Ин маъно дар забони адабӣ ҳам ҳаст ва дар асарҳои нависандагони муосири тоҷик бисёр дида мешавад. Масалан, дар асарҳои Айнӣ танҳо ба маънои эзор омадааст. Модоми чунин будааст, ба фикри мо, аз истифодаи ин калима ба маънои даркорӣ ва зарурӣ худдорӣ кардан беҳтар аст. Зеро азбаски калима маънои духӯра дорад, мазмуни ҷиддии баъзе ҷумлаҳоро ба маънои хандаовар табдил медиҳад.

Бино бар ин пасванди «ӣ» дар калимаи «лозимӣ» зиёда буда, онро бидуни «ӣ» ба шакли «лозим» (чизҳои лозим, китоби лозим) кор фармудан беҳтар аст.

Айнӣ ба маънои даркорӣ ва зарурӣ ин калимаро ба шакли «лозим» истифода кардааст. Мумкин аст, ки мо бигӯем «китоби лозима», «материалҳои лозима» ва ғайра дурустӣ.

Ғайр аз ин ки ҳангоми сохтани калимаву ибораҳои нав хато накунем, намунаҳои мавҷуда, хусусан қолибҳои адабии классикиро дар назар доштан лозим аст. Ин намунаҳо барои қиёс заруранд. Қиёс — аналогия қонуни асосии забон дар калимасозию иборабандӣ, дар муайян кардани соҳтори наҳвии ифодаи фикр ва меъёрбандии сухан мебошад. Гирд овардани намунаю қолибҳои гуногуни забони халқ, намунаю қолибҳое, ки дар болои сухан ба вуҷуд овардаанд ё маъқул суфтаанд, бодиққат омӯхтани он намунаю қолибҳо дар қаламкаш зарур аст. Ин омӯзиш моро аз шумули ва саҳву хато нигоҳдорӣ мекунад, дар фарҳанги гурӯҳи инкишоф додани таҷрибаи чандин насл ва мушоҳидаи лисониаҳоро таъмин менамояд.

Дар бораи он ки дар ифодаи мафҳумҳои нав аз захираи забони модарӣ наҷуста, бо шитоб чизе аз пеши худ сохтаем, шаклҳои бенамуд ва ношиносу нофорам ба миён омадаанд.

Инак, як мисол. Яке аз асбобҳои мусиқӣ ба тоҷикӣ

173

пешина
аз 393
навбатӣ