Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

маконӣ бо исм ифода мешавад. Чигунагии нисбат
шакли муайянкунандаро таъин менамояд.

Чунин ба назар мерасад, ки бо сифат ифода шудани нисбати маконӣ ҳам мумкин аст. Чунончи, дар ибораҳои маъмули ҷавони шаҳрӣ ё духтари қишлоқӣ муайянкунанда сифат аст. Лекин ин ҷо сифатҳои шаҳрӣ ва қишлоқӣ аз ҷумлаи он сифатҳое мебошанд, ки ба қатори исм гузашташон осон аст ва гузаштаанд. Инро аз он ҷо мефаҳмем, ки ба ҷойи ҷавонони шаҳрӣ ва духтарони қишлоқӣ, ба ҷойи мардуми шаҳрӣ ва мардуми қишлоқӣ гоҳ шаҳриҳо ва қишлоқиҳо ҳам гуфтан мумкин аст. Дар ин маврид пасванди ҷамъбандии -ҳо (ва -он)-ро қабул кардани шаҳрӣ ва қишлоқӣ нишонои он аст, ки ин сифатҳо ба исм гузаштаанд, исм шудаанд.

Аз ин рӯ, дар ин маврид бо сифат ифода шудани нисбати маконӣ ба чунин хулосаи умумӣ, ки нисбати маконӣ бештар бо исм ифода мегардад, шояд зид набошад.

Ба ин ҳақиқат аз мисолҳои бисёре бовар ҳосил мекунем. Яке аз онҳо ибораи фермаи ширӣ мебошад, ки дар матбуоти мо боиси чандин гуфтугузор гардида буд.

Аз ибораи фермаи ширӣ гумоне пайдо мешавад, ки гӯё ин ферма аз шир сохта шудааст. Барои пайдо шудани чунин гумоне асос ҳаст, зеро дар ин таркиб «ширӣ» сифати «ферма» аст. Ва ҳол он ки ин ҷо мавриди сифат нест. Чунончи, чаро мағозаи нон мегӯем, аммо «мағозаи нонӣ» ҳеҷ гоҳ нагуфтаем? Чунки «нон» сифати «мағоза» нест, балки миёни ин ду калима нисбати маконӣ мавҷуд аст, яъне «мағоза» макони «нон»-ро мефаҳмонад. Муносибати калимаҳои ферма ва шир низ ҳамчунин аст. Дар ин ҷо ҳам агар «шир»-ро ба шакли исм ба «ферма» часпонда фермаи шир гӯем, маълум мешавад, ки ин ферма ҷойи ҳосил кардани шир будааст.
Инро гоҳо ширферма ҳам гуфтаанд, ки боз беҳтар аст.

На фақат нисбати маконӣ, баъзе навъҳои дигари нисбат ҳам бо исм ифода шудани муайянкунандаро тақозо доранд. Инро аз мисолҳои зайл дидан мумкин аст.

Интизоми меҳнатӣ, комиссияи тафтишотӣ, сохтмони биноҳои мактабӣ, стансияи телефонии автоматии Душанбе, митинги мотамӣ ва бисёр ибораҳои дигар низ ибораҳоеанд, ки сифати онҳо бояд ба исм гардонда шавад. Инҳоро ин тавр гуфтан лозим буд: интизоми меҳнат, комиссиюни тафтиш, сохтмони бинои мактабҳо, маркази телефонии автомати Душанбе, митинги мотам.

Дар ибораҳои дарси такрорӣ, Дарси ҷамъбастӣ, аридан

пешина
аз 393
навбатӣ