Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
хеле дурушт аст. Ин зебоиву дуруштиро бояд эҳсос бикунем.
Аз мисолҳои боло калимаҳои айнаксиёҳдор, дили-некдор ва мӯзаибрезентдор низ бояд ба ҳамин тарз ис-лоҳ шаванд: сиёҳайнак, некдил ва брезентмӯза.
Аз ин қиёс «ҷавони маълумотиолидор» низ бояд «ҷа-вони олимаълумот» гуфта шавад. Дар забони мо ибора-ҳои бисёре аз қабили «шахсияти олимақом», «марди олимашраб», «шоири олимартаба», «одами олиҳиммат», «сухани олиҷаноб» мавҷуданд. Мо инҳоро ҳеҷ гоҳ «шах-сияти мақомиолидор» ё «марди машрабислинок» ва ҳо-казо нагуфтаем. Агар мегуфтем, хилофи қоида воқеъ мешуд. Пас имрӯз ҳам дар калимаи маълумотиолидор қоидаи сифатсозӣ вайрон шудааст. Ибораи болоро фа-қат дар сурате ки «ҷавони олимаълумот» ё «ҷавони до-рои маълумоти олӣ» гӯем, ба қолиби дуруст меафтад.
Ба ин сабабҳо истилоҳи зоологии хазандаҳои сутун-муҳрадор низ дуруст нест. Дар ин ҷо ҳам -дор зиёда-тист. Ин истилоҳро хазандаҳои сутунмуҳра гуфтан дар-кор аст. Он гоҳ худи сутунмуҳра мафҳуми доштанро низ ифода мекунад: маънои хазандаҳои сутунмуҳра ин аст, ки чунин хазандаҳо сутунмуҳра доранд.
Баъзан агар факки изофат зарур ояд, ҳатто ҷойи ка-лимҳаҳо иваз кардан лозим нест. Чунончи, аз мисол-ҳои боло «духтараки куртасафеднок»-ро на фақат дух-тараки сафедкурта, балки «духтараки куртасафед» ҳам гуфтан мумкин аст. Дар ин мавриди сафедкурта ва кур-тасафед ҳуқуқи баробар дорад. Лекин ба ҷойи ин ду қо-либи рехтаи равону сабук қолиби «куртасафеднок» ё «гули сабзнок» ва ё «дили некдор»-ро истифода кар-дан, ба фикри мо, хилофи табъи салим рафтан аст.
Ба ин сабаб «сиёҳайнак»-ро айнаксиёҳ гуфтан ҳам мумкин аст. Дар ин маврид куртасафед ва сафедкурта айнаксиёҳ ва сиёҳайнак ба қолиби маъмулу машҳури калимасозии тоҷикӣ, ба қолиби калимаҳо аз қабили дилсоф ва софдил, рӯйзард ва зардрӯй, қадбаланд ва баландқад дохил мешаванд. Ин калимаҳо боз як қоидаи аҷиби забони тоҷикӣ, боз як мӯъҷизан онро ба мо нишон медиҳанд. Мо сохта ин калимаҳоро аз назар гузаронида ба ҳайрат меоем, ки забонамон чӣ имкониятҳои фаровон дорад, дар забонамон чӣ калимаҳои зебо ҳастанд, ки бисёр осон сохта муҷсанд: як исму як сифатро бе ҳеҷ воситае ба ҳам пайвастем, калимаи дигаре ҳосил мегардад ва ин калимаи нав дар ниҳояти сабукиву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё