Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

бо асоси замони гузаштаи феъли «доштан» сохта шудаанд, чунончи замини камнамакдошта, шишаи камобдошта, синфи бисёрталабадошта ва ғайра дар натиҷаи ба назар гирифта нашудани одитарин қоидаҳои калимасозӣ ба вуҷуд омадаанд. Зиёда аз ин, бояд таъкид кард, ки ин қолибҳо рӯз то рӯз интишор ёфта истодаанд ва чӣ дар матбуоти ҷорӣ, чӣ дар асарҳои илмию публисистӣ зуд-зуд ба чашм мерасанд. Онҳо ҳатто ба навиштаҳои устодони сухан гузаштаанд. Аз ҷумла ибораи ҷойи камгунҷоишдор аз «Луғати нимтафсилӣ»-и устод Айнӣ (Кулл., ҷ. 12, саҳ. 375) гирифта шуд. Мо мехоҳем, ки инро фақат саҳви қалами устод, хатои тасодуфии ӯ ба шумор оварем. Бо вуҷуди ин, ҳатто ба навиштаҳои устод роҳ ёфтани ин қолиби вайрон моро ба ташвиш меорад.

Боиси ин ҳама ташвиши мо он аст, ки интишори ин қолибҳо калимасозиро аз шаклҳои аслии халқӣ ва классикӣ дур мебарад, дар як мавриди муҳим бунёди халқии забони адабиро суст мекунад.

Шакли аслии ибораҳои боло ин аст: колхози сердаромад, одатҳои камзарар, замини камнам, шишаи камоб, синфи серталаба. Фақат ҳамин шакли ин қабил калимаҳо дуруст аст, бисёрдромадошта, камзараровар, камнамдошта, камобдошта, бисёрталабадошта ва ғайра хатои маҳз аст.

Дар «Ғиёсуллуғот» (ҷ. 1, саҳ. 473) омадааст: Шамомча — чизе хушбӯдор.

Ба фикрам, ин ҷо ҳангоми баргардон саҳве рафтааст ва дар хушбӯдор «хуш»-ро ҷудо навиштан лозим буд: чизе хуш бӯдор.

2

Акнун меоем ба сари ибораи «пардаи гулисабздор». Қоида ин аст, ки агар аз ибораи изофае, ки аз як исм ва як сифат ибораст аст (масалан, аз ибораи гули сабз), калимаи мураккаб сохтан лозим шавад, изофатро партофта, он исму сифатро бо иваз кардани ҷояшон ба ҳам часпондан даркор аст. Он гоҳ аз ибораи гули сабз калимаи мураккаби сабзгул ба миён меояд. Яъне боз ҳам ба асоси феъли «доштан» зарурате нест. Пас, ибораи мазкурро ин тарз таҳрир кардан даркор буд: «пардаи сабзгули тиреза». Бинед: сабзгул басе зебо, гулисабздор

пешина
аз 393
навбатӣ