Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҳам гоҳо (якта-нимта) мушоҳида мешавад. Вале ин аз саҳви қалами онҳо ба таври тасодуфӣ бояд содир шуда бошад. Ба фикри мо, инро на меъёри забони адабӣ, балки тасодуф ва мустасно аз меъёр ҳисоб кар- дан даркор аст.
«ГУЛИСАБЗДОР», «КАММАЗМУНДОР»
ВА «НАВХОНАДОР»
1
Дар баъзе мавридҳои дигар ҳам барои калимасозӣ -дор (асоси феъли «доштан») ва -нок бе зарурате исти- фода шуда истодааст.
Инро аз ибораҳои зайл фаҳмидан мумкин аст: «ҷойи камгунҷоишдор», «одами камэътиборнок», «пардаи гу- лисабздори тиреза», «палави гӯштиқоқдор», «марди мӯ- заи брезентдор», «хаскулохпӯшони айнакисиёҳдор», «дӯс- ти дилинекдор», «духтараки куртаи сафеднок» ва ғайра.
Дар ҳамаи чунин ибораҳои изофӣ (таркиби зарф- исм-дор ё ки исм-сифат-дор ё нок) -дор ва -нок зиёда- тист. Чаро?
Барои ин ки масъала равшан шавад, бояд ба ёд орем, ки, масалан, «одами камришдор ё серришдор» намегӯем, балки «одами камриш ё серриш» мегӯем. Дар ин маврид калимае, ки камию зиёдиро мефаҳмонад (ка- лимаи «сер», «пур», «кам», «бисёр» ва ғ.), ба исм час- пида, сифате ба миён меорад: одами серкор, гапи пур- мазмун, марди камбизоат. Ин ҷо барои ифодаи матлаб ягон асоси феъл ё пасванд даркор нест. Агар асоси феъл (масалан, «дор») ё пасванде ҳамроҳ кунем, қоида вайрон мешавад.
Дар ибораи «ҷойи камгунҷоишдор» ҳамин қоида вай- рон шудааст. Онро монандӣ ибораҳои «марди камбизо- ат», «бачаи камгап», «ҷойи камдарахт» ва ғайра сохтан даркор буд, яъне «ҷойи камгунҷоиш» гуфтан даркор буд.
Оид ба ибораи «одами камэътиборнок» низ ҳаминро гуфтан даркор аст. Дар ин ҷо ҳам «-нок» зиёдатист. «Одами камэътибор» гуфтан лозим буд.
Ибораҳои аз қабили ҷойи камгунҷоишдор, одами кам- эътиборнок, колхози бисёроромаднок, одатҳои камза- раровар, инчунин шаклҳои дигари онҳо, ки масалан,
148

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё