Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
равонӣ воқеъ гардидааст. Зиёда аз ин, дар ин калимасозӣ ҳатто ҷойи ҷузъҳоро иваз кардан мумкин аст: ихтиёр дорем, ки исмро пеш гузорем, ё сифатро, софдил гӯем ё дилсоф.
Афсӯс ки имрӯз аҳли матбуот, нависандагон, ҳатто баъзе нависандагони номдор гоҳ чунин қоидаи олиҷаноб, чунин имкониятҳои камназири забонро фаромӯш карда, калимаҳое аз қабили куртасафеднок ва айнакисиёҳдор месозанд, ки вазнин, муҳимтар аз ҳама — вайрон аст.
Қоидаи мавҷудаи забонро ба эътибор нагирифта, ба тарзи дигаре калима сохтан ва ибора бастан ҳунар нест. Масалан, калимаи хушсадои «куртасафед»-ро, ки оҳанги навозишкори дилчасп дошта, аз ин сабаб дар фолклор бисёр ба кор рафтааст, як сӯ гузошта, ба ҷояш калимаи носуфтае аз қабили «куртасафеддор»
сохтан ниҳояти беэътиноӣ ва қадрношиносӣ нисбат ба андӯхтаҳои олиҷаноби забони халқ аст. Дар назари камина дар бисёр мавридҳо бе зарурате «куртасафеддор»-ро аз «куртасафед» бартар донистан баробари он аст, ки сафолпораро ба дурру гавҳар имтиёз диҳем.
Ҳоло аз мисолҳои аввали ин баҳс ибораи «палави гӯштиқоқдор»-ро аз назар гузаронем.
Дар ин ҷо ҳам, ба назари мо, асоси феъли «доштан»
зиёдатист. Медонем, ки дар гуфтугӯйи одӣ таъбирҳои оши равғани дунба, палави равғани кунҷид, мураббои биҳӣ, мураббои сабзӣ ва монандӣ инҳо вуҷуд дорад.
Дар баъзе маҳалҳо мураббои биҳигӣ ҳам мегӯянд, лекин, ба фикри мо, якумӣ беҳтар аст, зеро сабуктар ва мӯҷазтар омадааст. Агар «оши угродор», «оши равғанидунбадор» ё «мураббои биҳидор» мегуфтем, калима боз вазнинтар мешуд. Аз ҳамин сабаб, агар хато накунам, дар ягон маҳал чунин намегӯянд. Агар дар баъзе маҳалҳо мегуфта бошанд ҳам, аз он қатъи назар кунем, беҳтар аст. Аз маҳалҳо шакли сабуктару равонтари калимаву ибораҳоро бояд ҷӯем ва барои умумӣ шудани онҳо кӯшем. Ҳар ҷо ки барои бе пасванд ё бе асоси феъл ва ё бе унсури дигаре сохтани калима имкон ҳаст, ҳатман ин имконро бояд истифода намоем.
Аз ин рӯ, «палави гӯштиқоқдор» не, балки «палави гӯшти қоқ» гуфтан беҳтар буд, мисли «оши равғани дунба» ё «оши угро».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё