Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

оҳу нола мекунад, то ман аз баҳри он хориҷӣ гузарам.

Неъмат, чӣ кунам, ки на танҳо модари ман, балки пешсафтарин фарди қавми мо роҳи пешгирифтаи маро хато меҳисобад. Вагарна роҳбари собиқам, ки адиби шинохтаест, маро таънаи беҷогардӣ намезад, ҳарчанд ки банда он вақт на он ҷавонро мешинохтаму на дар дили чун қоғази абрешими тозаи ман доге аз қалами муҳаббат чакида буд.

Ба ҳар сурат коре кардам, ки модар танҳо чанд рӯзро дар ихтиёри ман вогузошт, то хуб фикр кунам.

Агар медонистам, ки субҳи дигар дар он хона фалокати бузурге ба сарам меояд, ҳаргиз гапи модарамро ду намекардам, мемондам дар наздаш.

Ҳанӯз кафшҳоямро накашида занги дар баланд шуд. Ман касеро интизор набудам, бо вуҷуди ин дилам ба бозӣ даромад ва бо сад пазмониҳо дарро кушодам.

  • Ин хонаи корманди сафоратхонаи хориҷист?

  • ...

  • Шумо ҳамсари ӯ ҳастед?

  • Бубахшед, шумо кистед ва ба он кас чӣ кор доред?

  • Аз лафзатон маълум мегардад, ки хориҷӣ нестед.

Ин ҷавон дар сурат хеле одами бафарҳангро мемонд. Риши кулута ва айнаки сиёҳ намегузошт чеҳраи аслии ӯ дар хотир монад. - Лутфан, шумо наметавонед маро қабул кунед?

  • Маъзарат мехоҳам. Соҳибхона ин ҷо нестанд.

Ва ҳамин лаҳза ду ҷавони дигар аз ду тараф пайдо шуданд.

  • Бубахшед, ин фоҳишахона танҳо барои хориҷиён аст ва ё ватандорон низ метавонанд истифода кунанд?

Ман ҳаддақа дарро ба рӯи бешарафон бастани будам, аммо онҳо пешдастӣ карданд.

Оҳ! Ман чӣ гӯям назди ӯ?! Назди модар?! Назди мардум?! Аз чӣ нолам?! Аз кӣ нолам?!

Ба оина нигоҳ карда, худро нашинохтам. Бо азобе шустушӯ кардам ва шона ба мӯйи титу парешон задам.

Занги телефон баланд шуд. Аввал хостам гӯширо набардорам. Занг такрор ёфт.

  • Алло... Неъматуллоҳ?..
пешина
аз 120
навбатӣ