Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Атрофиён чаро оби дида мерезанд? Магар онҳо аз дидани ин манзараи рӯҳнавоз хушнуд намешаванд? Худоё, ба кампири Хосият чӣ шуд. Ба модараш чӣ шуд, ки ашк марҷон мекунад? Аммо модаркалон рӯйи бистари покизааш бароҳат хуфтаву ба мисли Нордона хурсандӣ мекунад. Мазмун, биби аз рақси он мавҷудоти пурнуру зиё хушаш меояд, ки беист табассум менамояд. Онҳо бибиро ба давраи хеш мехонанд. Биби бо ҷону дил ҷониби арғуштиён майл менамояд.

Овози отун баландтар мешавад. Модар даҳони худро бо як бари қарси сафедаш маҳкам медорад, то фиғон накашад. Нордона аз ҷой сабук мехезад ва ба оҳанге, ки таҳти он мавҷудоти муҷалло чарх мезананд, давр гаштан мегирад. Оё ӯ чарх мезанад? На, хона чарх мезанад, модараш дар сари обрези хона чарх мезанад. Бибихосияту отуни дуохон чарх мезананд. Тирезаи хона чарх мезанад, олучабуни сергули пас тиреза чарх мезанад...

Отун ишора мекунад, ки кӯдакро берун бароранд. Аммо Нордона дасту почак мезанад.

— Не-ъ!!! Ман ҳам паридан мехоҳам! Ба мисли бибиҷонам паридан мехоҳам. Арғушт рафтан мехоҳам! Бо онҳо буданам меояд. Ҳамроҳашон рафтанам меояд! Сар тед. Бибиҷон, мана халос кунед, мана аз дасти инҳо гиред! Ман ҳам парвоз кардан мехоҳам!

Духтарчаро дур бурда буданд. Овозаш дигар паст ба гӯш мерасид, аз пушти девор, аз боғи зардолу. Вале дар хона модаркалон чанд лаҳзаи дигар дар вазъи якфому якмаром мебуд. Отун якзайл калима мегардонид. Чашмони бемор як калон кушода шуду оҳиста-оҳиста пилкҳояш ба ҳам омаданд. Табассуми тифлона дар лабонаш нақш бастанд.

Отунбибӣ бо пораи матои сафед, ки пешакӣ тайёр намуда буданд, манаҳи ҷасадрро баст. Модар фиғони ҷонқоҳе кашид. Вале Нордона аз манзараи хузнангези хона хабаре надошт. Вай доду фарёдрод бас карда буд. Зеро медид, ки базудӣ нуриён аз дару тиреза, аз бому бомгӯшаҳои модаркалон ба сони ҳавре, ки баъди борон мехезад, ба ҳаво бардошта мешуданд. Корвони нуриён модаркалони хушрӯву хушхӯяшро мебаранд. Вай

пешина
аз 120
навбатӣ