Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ҳам мисли ҳамроҳонаш ба вуҷуди пурнуру муҷалло табдил ёфтааст. Сабук печу тоб мехӯрад ва ҳамвора боло мепарад.
Нордона ҳам акнун ду даст сӯи само бардошта чарх мезанаду чарх. Дигарон нолаву фиғон мекунанд. Аз чӣ фарёди бемаънӣ мекашанд онҳо? Магар намебинанд, ки корвони нуриён зебо мепаранд? Бибӣ зиёд хушнуд асту бебокона бол меафшонад. Чӣ хушбахт аст ӯ! Нордона ҳам ба мисли бибӣ будан мехоҳад. Ба пирӣ расидан мехоҳад. Чунон ки модаркалон дуо мекард, тезтар ҳазорсола шудан мехоҳад. Э кош, ин ҳазор сол зудтар гузараду ӯ ҳам ба сони он пайкараҳои нуронӣ боло парвоз кунад. Шояд он рӯз модаркалон барои бурдани наберааш ояд, чунон ки имрӯз барои бурдани бибӣ пешрафтагон омаданд.
Эҳ-ҳ... кош зудтар ҳазор сол мегузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё