Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дорад, Нордонаро бардошта берун баровардан мехоҳад. Духтарак дасту почак мезанад.
— Бибиҷон!!!

Ӯро аз дасти Бибиҳосият модараш мегирад ва берун бароварданӣ мешавад. Нордона муқовимат мекунад, паҳлӯдариро бо ду даст дошта намегузорад, ки модар берунаш барад.

— Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадан расулуллоҳ! — отунбибӣ, ки сари болини нотоб менишаст, калимаи шаҳодат гардондан мегирад. Модари Нордона беҳолу бемадор дар бӯсагоҳи хона шишта мемонад. Тифли гирён дам ба дарун мекашад. Дар фазои хона овози каме гирифтаи отун ба парвоз медарояд. Ҳарчанд овози он кампири банӯр хаста аст, лекин лаҳни кашишдораш бисёр рӯҳнавоз. Нордона аз канори модар ҷудо шуда, ба гӯшаи пӯстаки лаби оташдон дар тақлиди дигарон худро дарҳам кашида мешинад ва чашм сӯи бемор медӯзад.

— Ло илоҳа...
Аз даҳони отун овоз ба сони нур мебарояд. Аҷаб, ки ин нур ҳалқа-ҳалқа шино мекунад. Фазои хона муҷалло мегардад.
Ҳалқаҳои рахшон гирди сари модаркалон ба рақс медароянд.
Лабҳанди бибӣ ба табассуми кӯдаки ширхора монандӣ дорад.
Дигар чину ожанги рухсорагонаш ба назар ғамерасанд. Даҳони бедандонаш нимвост ба мисл даҳони бедандони тифли ширбӯя.

Во аҷабо! Ин ҳалқаҳои рахшон, ки сабук-сабук печу тоб мехӯранд, оҳиста-оҳиста шакл дигар мекунанд. Батадриҷ фазои хона аз сурати одамони хушҳолу хушрӯй пур мегардад.
Чашмони бибӣ калон-калон боз мешаванд. Чунин ба назар мерасад, ки ин дидагон барқи шодмонӣ мепошанд.

— Оҷаҷон... Нордонай ман... Ҷалилҷон! Саидабону!
Модаркалон бо суратҳои нуронӣ гуфтугӯ менамояд. Аммо духтарча ягон нафари онҳоро намешиносад. Намешиносаду дар дил нисбат ба онҳо гармие эҳсос мекунад. Мехоҳад бо онҳо бошад. Мисли онҳо ба парвоз ояд. Дар гирди сари модаркалон гирдгардон шавад, рақс кунад, табъи беморро хуш созад. Чӣ хуб аст, ки одам ба парвоз бошад! Нурсон дар фазо ғино кунад!

пешина
аз 120
навбатӣ