Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

дастам боло мебардоштанд, ман завқ карда механдидам. Бобоям ҳам кӯдаквор мезавқиданду маро дӯстдорӣ мекарданд:

Духтараки бобош,
Пурхӯраки бобош,
Дамбураки бобош.

Ва шикамчаи дамидаи маро нақоравор мезаданд.
Бибиам ин байтҳоро аз забони Пири Кӯса меовард, ки ба ман маъқул набуд. Охир, бобои ман ҳаргиз ба Пири Кӯса монанд набуданд. Ишон муллои комил ва марди зарофаттӯе буда, қади миёна, тану тӯши чорпахлӯ доштанд. Риштунук не, балки серришуфаше буданд. Ҳамеша пеш аз кӯча баромадан риши перостаи худро шона мезаданд. Бештар ман аз сари зонуи бобоям ҷой гирифта ришашонро мехоридам, аз ришашон дошта бозӣ мекардам. Ун кас каме манаҳашонро бардошта табассум менамуданд. Пас чаро Пири Кӯса, ки бояд чеҳрааш шабеҳи бузи пири мо бошад, суруди хоси бобои маро барои Дегчаи худаш мехондааст? Вале метарсам, ки сахт пофишорӣ кунам ва бибиам лаб аз афсонагӯӣ бандад.

Аслан ман чаро зидди модаркалон мебароям? Фарқаш чӣ, ин Дегча ҳамон Дегча буд ё дигар Дегча? Падараш Пири Кӯса буд ё Кали Ёр? Муҳимаш ҳар ду Дегча ҳам як хел хӯю хислат доштанд. Шӯху шанг буданд. Ҳозирҷавобу чаққон буданд. Мададгори падару модар буданд.

– Ҳамин тавр, – мегӯяд модаркалонам, – Дегчаи мо баъди зуҳр ғилдиросзанон ҷониби хонаашон мешитобад. Акнун ки бораш сабук шуда буд, сабук мегелид ва ин тавр суруд мехонд:

Яку дую сею чор,
Ман духтари Кали Ёр.
Додом дар сари замин,
Мекунад то бегоҳ кор.
Ман ёрдамчии додом,
Тӯшабарки додом.

пешина
аз 120
навбатӣ