Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

будаанд. Лекин он вақтҳо дар бораи ӯ дар ин ҷо касе чизе намедонист.

  • Чанд вақт пеш муаллим Салоҳиддини Заъфар ба мактаби мо Тешабой Одиловро даъват карда буданд. Он кас ҳам дар деҳаи Хушёр муаллим буданд. Турсунзода дуруст тасвир кардаанд. Чашмони Тешабой, дар ҳақиқат, ба чашмони шоҳин монандӣ доранд. Марди оташинсухане ҳастанд. Вақти нутқ кардан гӯё аз чашмонашон ду даста оташ шӯъла меафканад.
  • Ҳамин хел шудааст, ки қаҳрамон шудааст.
  • Бале, дар муҳорибаҳои шаҳри Ленинград қаҳрамонии бемисл нишон додаанд.
  • Ту дар бораи Амиралӣ Саидбеков чизе медонӣ?
  • Медонам, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравист.
  • Солҳои ҷангу баъди ҷанг дар бораи вай ҳам дар тарафҳои мо касе чизе намедонист. Аз деҳаи Қалъаи Сӯх аст. Се духтару писари амаки Саидбекро ба хотири маҳви бесаводӣ ба Кӯлоб фиристода буданд. Амиралӣ дар Ховалинг ном ноҳияи Кӯлоб муаллимӣ мекардааст. Аз Тоҷикистон ба хизмати аскарӣ даъват шудааст. Дар бораи қаҳрамонии ӯ сонитар шунидем. Мегӯянд, мактабе, ки ин қаҳрамон то ҷанг он ҷо омӯзгорӣ мекардааст, номи Амиралӣ Саидбековро дорад.
  • Дружинаи пионерии мо низ ба номи Амиралӣ Саидбеков аст.

82 Тешабой Одилов, ҷанговари шуҷоъ. Танҳо баъди қариб 80 соли анҷомёбии Ҷанги Дуюми Ҷаҳон маълум шуд, ки ин тоҷикписари лашкаршикан сазовори унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуда будааст.
83 Ленинград - баъди пош хӯрдани ИҶШС номи қадимиаш Санкт-Петербург барқарор шудааст.
84 Ҳозир ин мактаб номи шахси номашҳуреро гирифтааст. Дар Тоҷикистон солҳои охир номи падар ё исми худи соҳибкороне, ки мактаб месозанд ва ё бинои мактабҳои кӯҳнаро бозсозӣ мекунанд, ҳамин тавр “абадӣ” гардонида мешавад. Шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!”, ки баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ИҶШС сари забонҳо буд, мутаассифона, имрӯз маъно гум кардааст. Пас, имкон дорад, ки бо ин равиш мо хотираи таърихии хеш аз даст диҳем ва дер ё зуд ҳама чиз, аз ҷумла, соҳибномони нав низ гумном шаванд.

пешина
аз 208
навбатӣ