Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ба номи тағоят мактуб омад. Роҳбари мактаб ӯро ба таҳсил даъват карда буд.
— Ҳамон газета дар куҷост?
— Тағоят вақти ба хондан рафтанаш онро бо худ бурда буд. Бояд гум нашуда бошад. Аз худаш purs-чӣ.
Ман мутолиаи очерку мақола ва асарҳои бадеиро дар мавзуи ҷангу ҳимояи Ватан бисёр дӯст медорам. Ба қарибӣ дар нашрияе «Иван-тоҷик» ном очерк чоп шуда буд. Гуфтаҳои модаркалон ҳам аз баъзе ҷиҳат ҳамон очеркро ба хотир меовард.
— Дар Сӯҳи мо чанд нафар тоҷикон ному насаби урусӣ доранд. Шояд ном иваз карданашон таърихе дошта бошад?
— Ҳеҷ рӯйдод бесабаб намешавад. Ту Алиёшаву оилаи Мельниковҳоро дар назар дорӣ? (Бале, бибиам маҳз Алёша нею Алиёша мегуфт.) Алиёша аслан Амонуллоҳ ном дорад. Насаби Мельников бошад, пеш аз ҷанг Қашамов буд. Мегӯянд, ки ӯ барои бузургдошти ёди командири шаҳидаш насаб бадал карда будааст. Ҳо, солҳои ҷанг ин гуна воқеаҳо бисёр рӯй дода буданд.
— Бибиҷон, чаро қаҳрамонҳои сӯҳиро бардор-бардор намекунанд? Бинед, номи Маҳмадалӣ Топиболдиев на танҳо дар Фарғона, балки дар Ӯзбекистон чӣ қадар машҳур.
— Надонам. Шояд аз он бошад, ки мо тоҷикем. Дар маъракаву маҷлисҳои ҳукуматӣ бо забони мо гап намезананд. Калонҳо аз қаҳрамон шудани фарзанҳои Сӯҳ шояд хабар надоранд. Боз кӣ медонад... — чашмони модаркалон «роҳ медиданд». Ӯ баъди чанде боз ба ман рӯй овард.
— Доруҷон, чанд вақт пеш дар бораи Тешабой шеър мехондӣ-ку. Охир, вай ҳам аз Сӯҳи мо.
— Шеъри Мирзо Турсунзода «Мергани уқобчашм»-ро мегӯед?
— Ҳо. Мегӯянд, ки ҳанӯз дар даври ҷанг корнамоиҳои Тешабойро шоирони тоҷик достон карда

пешина
аз 208
навбатӣ