Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
дардҳои узвҳои ҳозима гирифтор мешаванд»,— далелу бурҳон меоварданд онҳо.
Дилам ба ҳоли бибиҷонам сӯхт. Охир, ӯ на танҳо моҳҳои раҷабу рамазон, балки ҳар чоршанбе ҳам рӯза мегирифт. Аз мактаб баргашта дидам, ки модаркалонам ҷуворӣ мерезонанд. Ӯ ба саломи ман ҷавоб доду аз рӯйи одати ҳамешагиаш суол кард:
— Дар мактаб чӣ гап?
Табиист, ки ман аввал хабари ташрифи таблиғгаронро расонидам, сипас, дар тақлиди мубаллиғон ба модаркалон бо овардани «факту рақамҳо» аз боби «оқибати вазнини рӯзадорӣ» лексияи пурмазмуне хондам. Бибиам табассумкунон ба гапҳоям гӯш медод. Гумон мекардам, ки ӯро моту мабҳут карда тавонистам. Аз ин рӯ, шерак шуда, ӯву ҳамаи тақводоронро зери тозиёнаи танқид гирифтам.
— Ҳай-ҳай-ҳай! Оҳистатар-оҳистатар... Бар падари муаллимат чалпак, оҳистатар,— гуфт модаркалонам. Дидам, ки ӯ андак-андак ранг бадал мекунад, дамам суст шудан гирифт.
— Кӣ гуфт, ки одами рӯзадор ба ҳазору як дард гирифтор мешудааст? Одами пурхӯру бепарҳез касал мешавад, донистӣ?! Ҷисму ҷони одами ботақво сабук мешавад, фаҳмидӣ? Туро ба мактаб мондаанд, ки хонда боақлу тамиз гардӣ, наинки беимон шавӣ. Ҳай-ҳай накунем, даҳонат бефаровезу рафторат беҳаёҳо барин мешавад-ку. Тез калимата гардон-чӣ!
— Ло илоҳа... — ман рӯйи хотири модаркалонам калима гардондам.
Баъди ин воқеа чанде бибиам бо ман ногап шуд. То аз дилаш баровардам, ки хеле азоб кашидам. Сипас, як субҳи чоршанбе ҳамроҳаш саҳарихӯрӣ хестам. Вақти ифтор бо меҳр сӯям нигариста гуфт:
— Илоҳо, рӯзаи гирифтаашро қабул карда бошӣ.
Ман худро сабук ҳис кардам.
Модаркалонам мегуфт, ки рӯзаҳои чоршанбегиашро дар ҳаққи ҷони тағои Абдулаҳадам медорад. Ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё