Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

қашқирзода. Ва ҳатто, Самарқандро, ки андар тоқи мадрасааш ду шер - рамзи тоҷики ориёӣ нақш ёфтааст, маркази тамаддуни «чандҳазорсолаашон» эълом доштаву даъво мекунанд, ки Тӯрон ва ё Фарорӯд аслан Туркистон будааст. Акнун фаҳмидӣ, ки пасовандони туро, модарҷон, он ҳайвонтабиатон дар иҳотаи чӣ гирдоби балое нобуд кардан мехоҳанд?!

Албатта, банда ҳеҷ умед аз даст намедиҳам ва тарс ҳам надорам. Охир, ман дигар он кӯдаки гӯлаке нестам, ки аз уллоси «гургони хокистарӣ» ба ваҳм афтам ва сар зери кӯрпаи ғафс андозам. Дар синаи ман дили чун ту модари шердил метапад! Магар шердилон аз гургони гурусна метарсанд?

Ман модар ҳастам. Ба ҳаводорони қаламам, ки аксар бо меҳр маро модар ҳам мехонанд ва онҳоро ман дар қатори набераву ҷаберагони ту медонам, таъкид медорам: «Пеш аз ҳама, ҳушёр бошед, аз гургон, хоҳ онҳо бӯрӣ бошанду хоҳ хокистарӣ, ҳаргиз натарсед, баръакс алови чашми онҳоро гиред. Ба як даст аз дониш силоҳи зарангеву дар дасти дигар чароғи маърифатро ҳамеша фурӯзон доред, ки онҳо аз шуълаи чароғ метарсанд. Мо бекзода нестем, балки шерзодони тоҷвар ҳастем, яъне, пушт ба пушт аз Каюмарс то насли имрӯз! Мо ба бӯриҳо тан намедиҳем, чароғи худшиносиро меафрӯзем!»


Ба мактабамон гурӯҳи тарғибгарон - табибону лекторони атеист омада, дар мавзуи «Рӯза ва оқибатҳои бади он» суҳбат карданд. Мувофиқи гуфтаи онҳо, рӯзадорӣ аз урфу одати мардуми бесавод будааст. «Рӯзи дароз гови даҳонбаста барин гаштан ба саломатии инсон зиён мерасонад. Фалон дарсади одамони рӯзадор ба бемории меъда, фалон дарсадашон ба касалии рӯда ва дигар

76 Атеист – даҳрӣ.

пешина
аз 208
навбатӣ