Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ҳар гаҳ ки хумори зодғаҳ мегирад, дар қатори ёдмондаҳо хари хокистарранги бобоям низ пеши назар меояд, ки чун асп бақувват буд. Вақте ки модарам ҳавливу ҷойи нав карду мо аз хонаи бобову бибиам ба манзили навамон кӯчидем, бобоям як ғуночини фарбеҳу тоза, ду гӯспанди дуҷон ва хари дӯстдоштаашонро «ризки кӯдак»-ҳо гуфта барои мо туҳфа карданд. Эҳ-хе, аз ин ҳиммати бобоям сари модарам ба осмон расида буд! Ман зуд пай бурдам, ки хоҳу нохоҳ «соҳиб»-и хар худам хоҳам шуд. Зеро аз ин пеш ҳам ману бобоям харсавор рамаҷаронӣ мерафтем, ҳамроҳ аз дашти Ровон алаф мекашонидем. Хуллас, он кас шавқу завқамро ба молу ҳол дида, бештар вақт ба чунин корҳо маро ҳамроҳ мегирифтанд. Ба ғайр аз ман дар ин хонадон чӣ касе метавонист харсаворӣ кунад? Хоҳарбузургам духтари қадрас, дар рӯфту рӯб, пухту паз дастёри модар аст. Додару хоҳаронам хеле хурдсоланд, харсаворӣ кори онҳо нест. Ман аллакай хонандаи синфи чорум ҳастам! Ва ҳамин тур ҳам шуд.
Ҳамин ки баҳорон мерасид, ман субҳи барвақт ғуночинро ба подаҷо мерасондам, баъд аз мактаб дар доманаҳои кӯҳи Рован молҳои майдаамонро мечаронидам. Ҳангоми таътили тобистона маркабсавор рӯзе то се бор аз дашт алаф меовардам.
Ҳар кас, ки дарозгӯшро бо чашми кам мебинад ва ё онро ба ягон одами якраву ҷоҳил ташбеҳ медиҳад, ростӣ, меранҷам. Шояд баъзе савориҳо чунин хӯйи аҳмақона дошта бошанд, аммо ин «хислатнома»-ро, ҳатто, бо сиреш ба пешонии хари ман часпонидан имкон надорад. Дар назари ман, вай аз асби даванд камӣ надошт: тездав буду фармонбардор. Ман борҳо дар саҳро бо писарбачаҳои пойгатозӣ карда, сабқатро бурдаам. Ин ҳама як тараф, муҳимаш, полони савории ман аз курсии китобхонаҳо фарқ намекард. Чаро механдед? Ба пиндоратон полону курсии нарм ба ҳам қобили муқоиса нестанд? Агар шумо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё