Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
мекунам, вале гумон аст, ки ин мисраъҳои сода ҳама назокату асолати Наврӯзи хуҷистапайи Сӯҳро ифода карда тавонанд:
Деҳи кӯҳӣ,
Саҳни масҷид:
Шақ-шақи шақ!
Шақ-шақи шақ!
Ин чӣ созу ин чӣ овоз?
Дар сари калтути пир
Лона монда лаклаки гардандароз,
Пайк омад, пайки Наврӯз!
Пайки Наврӯзи дилафрӯз!
Боғи Ровон —
Боғи додом...
Сад чаман бишкуфта бодом!
Бар чаман сад ханда резад
Аз навои кабки хушхон!
Сад тарона —
Ошиқона,
Пайк омад, пайки Наврӯз!
Пайки Наврӯзи дилафрӯз!
Оҳ, андар фасли гулрез
Ҳадраҳои пурҷавона
Мешаванд обистану гул мекунанд.
Аз насими атромез
Зиндагонӣ файз ёбад
Бекарона,
Дар назар садранг тобад
Боди гулбез
Чун фасона.
Пайк омад, пайки Наврӯз!
Пайки Наврӯзи дилафрӯз!
Агар гӯям, ки пайки Наврӯзи хуҷаста аз аввалватани ман — Сӯҳи биҳиштсо ба тамоми олам паҳн мегардад, ба ҳолам нахандед...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё