Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳам ҳар рӯз харсавор аз хона то дашт ва аз он ҷо то хона камаш 6-7 километр роҳро китобхонон рафта меомадед, ба гапи ман шак намеовардед. Ҳари гапдарову боркаши неруманди маро на қамчин лозим буду на халаҷӯб. Ба болояш савор шуда, «их» гуфтан кифоя буд: чунон юрга мекард, ки!.. Ман зуд аз хӯрчин китоб мебаровардам ва сар аз мутолиа намебардоштам. Дигар роҳи васеъ буду дави маркаби ман!

Ва аммо чӣ кунам, ки бо ин ҳама рамузфаҳмӣ маркабам ҳангоми рафту омад дар ин роҳи шинос дар рӯ ба рӯйи дарвозаи амаки Қаҳҳор, ки дар Даҳани Деволча воқеъ аст, ҳатман харигарӣ мекард. Он ҷо, аз худамро медонам, ки як кундарешаи ниҳоят калон мехобид. Он солҳо, ки ҳезуми гӯзапояю ангиштсанги Шӯроб фаровон буд, ҳеҷ кас ба ин кундайи сафедор таваҷҷуҳ намекард. Ин кундайи серреша ними роҳи пиёдагардро банд карда буд. Ҳамеша гирду атрофаш аз саргини хару асп холӣ набуд. Мазмун, ин кунда барои муваққатан бастани савории сокинони маҳалла ба кор мерафт. Хуллас, бештар вақт мани ба китобхонӣ машғул бехабар мемондам, ки ба Даҳани Деволча расидаему ин гӯшдарози беимон ба мисли бангиён аз порӯби ҳамчинсонаш «нашъа мебардорад». Агар бачайи амаки Абдуқаҳҳор - ҳамсинфи апаам Абдумаҷид ҳамроҳи ҷӯраҳояш мадад намекард, хари таърифи ҳангосзанон бо ду банд алаф маро ҳам ба замин афканда, табъи дилаш ғел мезаду «кайф мекард». Чун як бор шаттаи «нашъаманди беақл»-ро хӯрда будам, дар ин роҳ сахт эҳтиёткор мешудам, харро ба тарафи дигари роҳ мегирифтам, то фалокат рӯй надиҳад. Ҳамин ки аз назди кундайи бисёрсола беосеб мегузаштам, дигарбора ғарқи китобхонӣ мешудам, зеро дигар хари ман «одам мешуд» ва аз роҳи сермошин ману ду банд алафи тарро ба манзил мерасонду бинӣ меафшонд. Ман аз китобхонӣ сар мебардоштам ва дарвозаро тақ-тақӣ мезадам, то касе барояду ёриам диҳад.

Бовар кунед, ба ёди он рӯзҳо дилам гум мезанад. Оҳ, хумори бачагиву харсавориҳои ман!

пешина
аз 208
навбатӣ