Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданСеби сурх - саломи мо.
Себи сурх овардӣ
Кӯчангӣ - ғуломи мо.
Ду лайлаки қайроқбоз
Мехонад ба як овоз:
Соли нават муборак!
Соли нават муборак!
- Бибиҷон, одатан дар иди Соли нав мардумо Бобои барфӣ табрик намекунад? Лайлак дар зимистон меояд магар? - мепурсидам, чун барои мани хурдсол он айём ифодаҳои ин тарона берабту пароканда менамуданд. - Замона поскуно-росткуно (чаппаву роста) шудааст. Аҷаб, ки дар ин замон Соли нава дар зимистони қаҳратун пешвоз мегиранд... Ба ин тифли гӯлак моҳияти ашӯлаҳои солинавии худамоя чӣ хел фаҳмонам? - даст ба зону мезад модаркалон. Таронаи наврӯзие, ки аз забони бибиам ин ҷо овардам, байни қариб тамоми тоҷикзабонони минтақа, ба истиснои як ё ду мисраву ҳарфу ҳиҷояш, маъмул аст. Аз рӯйи таомули аҷдодии мардуми Сӯх, чи навъ ки бибиам нақл мекард, танҳо дар рӯзҳои Наврӯз духтарони болиғ ҳаққи рӯйкушод ба сайр баромадан доштаанд. Одатан, дар субҳи солеҳон духтаракон сар мешустаанд, ки «бахтамкушо» ном дошт. Сипас онҳо зулфони хешро оро дода, ба тан куртаҳое мепӯшидаанд, ки гиребону саростину даври доманаш кашидадӯзӣ доштааст, ба сар рӯймоли ҳаштҷорякии гардӣ мегирифтаанд. Дӯшизагони бахтҳохро хоҳарбузургон, бародарзанҳо ва ё дугонаҳои наварӯсашон ҳамроҳ ба сайри бахткушоён меоварданд. Онҳо аз аргамчинҳои дароз-дароз ба шохаи мустаҳками дарахти баланди зардолуҳо аргунчак меандохтанд ва гурӯҳи духтарони наврасу наварӯсон бонавбат бод мерафтанд. Чун дар ин чанд рӯз мулоқоти ҷавонон айб ҳисоб намеёфтааст, бачамардони бахтҳох низ ба тамошо меомадаанд. Ҳар ҷавоне, ки духтареро маъқул дониста бошад, бо дасти кӯдаке ба ин дӯшиза себи сурх ва дигар туҳфаҳои наврӯзӣ мерасонидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё