Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Бале, оне, ки дар айёми Наврӯз тавассути себи сурх ба ёри дилхоҳ салом фиристодаву як бӯса ҳалво ҷавоб гирифта бошад, як умр ғуломи он ёри мақбул ҳисоб меёфт. Оҳ, чӣ бахти бузургест ба хотири ишқ ихтиёран хештанро ба ғуломии нозанине бидиҳӣ!
«Воқеан, шикастани аҳду паймони наврӯзӣ гуноҳи кабир ҳисоб меёфт», — мегуфт модаркалон. Шояд ӯ аз дасти бобоям дар айни қадрасӣ як дона себи намангонӣ туҳфа гирифта бошад, ки як умр аҳд нашикаст ва дар давоми шасту се соли ҳамхонагӣ ҳамсари оқили хешро «марди калон» ном мегирифт, на «мардак».
Шумо, вақте ин таронаи «Лайлаки қайроқбоз»-ро хондед, пеши назар чӣ манзараеро оваред? Омадани лайлак (лаклак), хамиру фатир кардани кадбонуву арӯси хонадони ӯ, гумшавии аргамчин, ифодаҳои себу сурху ғуломи қади кӯча ба Соли нав чӣ иртибот дорад? Чаро лайлаки қайроқбоз? Ва чаро ин ду лайлак «Соли нават муборак!» мегӯянд? Ман он айём бо шунидани қиссаҳои бибиву бобои ширинсуҳанам аз равзанаи тасаввур ба манзарае чашм меандохтам, ки шояд садҳо, балки ҳазорон сол муқаддам тақрибан чунин будааст:
Ин ангораи як рустои кӯҳистон аст. Деҳа хурд нест. Ибодатгоҳе дораду мактабе низ. Сарвари оила - марди деҳқон ё Бобои боғбон баъди тоза кардани чашмаю ҷӯйборҳо дирӯз шоху шиббаҳои хушкидаи дарахтонро буридаву ниҳолони навбарро ҳам бо токбур перостааст.
Бонувон дар тараддуданд: бояд барои суфраи наврӯзӣ хӯрданиҳои махсус омода сохт. Кадбону хамир кардааст, аз гӯшаи хамир арӯси хонавода камтарак фатир карданист. Аммо ҳамсари Бобои боғбон ғур-ғур дорад, ки барои тасфондани танӯр хезум кифоят намекунад. Ҳеҷ гап не, охир. Марди калони хона ба боғ меравад, то аз шоху шиббаҳое, ки дирӯз ҷамъ овардааст, як банд гирифта орад. Аммо расан нест. Кадхудо ҳамин ду рӯз пеш онро ба мехи устуни хезумхона овехта буд. «Аргамчин куҷост?» — мепурсад вай. Касе ҷавоб намедиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё