Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ман борҳо рақси «Лайлаки қайрокбоз»-ро дар ҷашну сурҳои ҳамдиён дидаам. Солҳои кӯдакии мо ҷашн гирифтани Наврӯз ҳамчун иди миллӣ мамнуъ бошад ҳам, онҳое, ки орзуву ҳавас доштанд, сури суннутии писаронашонро маҳз дар рӯзҳои Наврӯз медоданд. Ва, албатта, дар чунин маҳракаҳо бе пушт-пушт ҳунарварони оилавӣ бо сарварии амаки Соҳиб аз деҳаи Чашма ҳозир мешуданд. Садои кӯшнайи сардори ин дастаи ҳунарӣ ҳанӯз аз кӯча садо медод. Кӯдакон бо шодиву мағал ба пешвози онҳо метохтанд. Мо аз ҳунари эшон олам-олам лаззат мебурдем. Нақши Лайлаки қайрокбозро писарбачай навраси машқдида мебозид. Ӯ ҷомаи пароғдабекасабу, шалвори маҳмали сурх, тоқии чоргулаи тӯсӣ, мӯзаи хироми сурх пӯшида, ба пойҳояш ду чӯбдасти як-яку нимгазиро мебаст ва ба ду каф дутой қайроқсанг гирифта, онҳоро дар ҳавои оҳанги рези нақора шараққос занонида, «пойҳо»-и чӯбинашро лаклаквор кушод-кушод гузошта мерақсид. Тифлакони шаш-ҳафтсола аз миёни пойҳои раққоси наврас тохта мегузаштанд. Одатан, падари ин бача сурнай мекашид, бародараш нақора менавохт. Дар чунин давраҳо лӯлиҳои хирсбозу чашмбанд, паҳлавонони сангбардору гӯштингир ҳам пасу пеш ба давра медаромаданд. Баъди онҳо дорбозҳо доди ҳунар медоданд. Ёдам меояд, ки модаркалон маро дар баракаш шинонда тарона мехонд:
Лайлак омадас дина
Дар ҳавлии Одина.
Одина хамир кардас,
Келинаш фатир кардас.
Бобош ба ҳезум рафтас,
Аргамчина гум кардас.
Аргамчин дар боғи мо,
49 Номи матое, ки аз он барои кӯдакон ва бачамардон ҷома медӯзанд.
50 Тоқии тӯсӣ имрӯз бо номи “чустӣ” маъмул гардидааст. Мутаассифона, номи шаҳри Тӯси Фарғона дар айёми мо дар асоси забони кӯчиёни муқимишуда ба Чуст табдил дода шудааст.
51 Қайроқсанг - санги фасон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё