Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Марямбонуи Фаргонӣ

  • Аз рӯйи шеваи гуфтораш, риштонӣ не. Мисли худамон ҳарф мезанад. Ровон ки расидем, падару модари бепарвояшро дарак мекунем.

Ҳавои кобина гарму роҳатбахш буд. Акнун эҳсоси гуруснагӣ мекардам. Кош бурдаи ноне ба киса мегирифтам. Оши хушбӯю хушлаззати угро дар рӯйи таксинчи айвон монд. Гурба ҳаром накарда бошад... «Амма» косаҳои ношустаро берун бароварда, дидагист, ки ошро пишаки баррок лесида истодааст, доду фарёдаш ба фалак печидагист. Ман манзараи фиғонкашиҳои «амма»-ро пеши назар меовардам. «Чӣ гап?»-гӯён поччою писарҳош берун тохтагистанд. Яқин, бачаҳоро ба хонаи тагояшон фиристода, худашон ба автовокзал тохтагистанд. «Амма» дуои бадкунон мегуфтагист, ки агар ёбам, гӯши ин духтараки сакалтуя аз бунаш канда мепартоям! Ман беихтиёр лабханд задам. Хуб шуд, ки тирашон хок хӯрд. Азоб кашида шинанд...

Мошин чун аз ағба фаромад, ҳавои софу бегубори рӯдбори Сӯх эҳсос гардид. Кампираки ҳамсафарамон шишаи дари кобинаро пасттар фаровард.

  • Кӯдак шамол накашад, хола.
    Ман зуд дар ҷавоби ронанда гуфтам:
  • Мунед, аз ҳавои ҷонбахши Сӯх сер шавем.

Ҳар ду баробар қоҳ-қоҳ хандиданд. Ман шарм кардам. Ҳамин ки ба дари клуби совхоз расидем, аз остини ронанда кашида, гуфтам:

  • Сафарамон пир шуд, амак. Дар ҳамин наздикиҳо нигоҳ доред.

Ҳамсафарҳо боз аз таҳти дил хандиданд. Ронанда мошинро боздошта, пурсид:

  • Ба ту ин хел гапҳоро кӣ ёд медиҳад?
  • Бибиҷонам.
  • Бибиҷонат чӣ ном доранд?
  • Ҳамронисо. Ун кас модари Абдулаҳади милиса.
  • А-ҳа, ин ту гӯй. Чӣ ном дорӣ, духтарҷон?

Сакалту – дайду, харҷогард, велгард.

пешина
аз 208
навбатӣ