Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
— Марям. Ин номи китобист. Соҳибони номҳои китобиро ҳурмат кардан даркор.
Ронанда фарох хандид.
— Бибиҷонам ҳамин хел мегӯянд,— гапамро шарҳ додам ман ва илова кардам:
— Хонаи мо дар кӯчаи амаки Бобокалон.
— Бобо Калонов гӯй.
— Ҳамин хел. Ҳар гаҳ хоҳед, меҳмон шавед. Бибиҷонам кирои роҳа медиҳанд.
Касе боми кабинаро зад, ки маънои «рафтем»-ро дошт.
— Меҳмон мешавам, албатта. Ту аввал палавпазиро ёд гир. Ба бибиҷонат салом гӯй.
— Хайр, амакҷон.
Ҳанӯз кӯчаи чароғон серодам буд. Ман тозон-тозон ба ҳавлии бобоям наздик шудам. Аммо ба хона даромадан осон нашуд. Якбора диламро тарс фаро гирифт. Яке қаҳри падарандарам биёяд. Ба бибиву бобоям дод занад, ки ана, кӯдаки тарбияткардаи духтари шумо чӣ хел гапнодаруву худдонам аст! Ва модарамро чун ҳарвақта ба хотири беаклии ман зери мушту лагат гирад... Уфф... барои чӣ дар ин бора аввалтар фикр накардам?
Ман оҳиста-оҳиста ба таги тиреза наздик шудам. Ҷамоат ҷамъ, танҳо ману тағойи Абдулаҳадам кам. Рӯйи сандалӣ дастархони пурнозу неъмат густарда. Бибиам ба ҷойи ҳамешагиаш — ба кодоки дар таги тиреза будаи сандалӣ нишаста буд. Бобоям дар пешгаҳ, тағоҳоям Бобомӯсою Абдусалом аз ду паҳлуи он кас ҷой гирифта буданд. Тую падарандарам дар кодоки муқобили бибиам ба гапҳои бобоям гӯш дода менишастед. Дар пойгах яке аз янғаҳоям41 ҷой мерехт, хоҳарбузургам дар назди оташдон болиштеро ба ҷойи миз истифода бурда, ба дафтараш чизе менавишт. (Оҳ, он лаҳза ман чӣ қадарҳо мехостам, ки ҳар чи зудтар хона даромада, аз бари апаам ҷой гирам, аз
41 Янға (иқтибосшуда аз туркзабонони маҳаллӣ) — занҳои бародар, тағо, амак...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё