Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
— Сад бор ном гирам, як бор «ҳа» намегӯий-е! Чӣ хел духтараки дарундори бадкавок будай!
«Амма» як коса оши угроро37 ба пешам - рӯйи таксинҷи айвон оварда монд. Дигарон ҳама дар хонаи миёна сари дастархон нишастанд. Хориам омад. Ҳарчанд оши буридаи чӯрғотнок бо кабудиҳои38 хушбӯй иштиҳоовар буд, ба он даст назадам. Ва оҳиста аз дари ҳойит,39 ки ба тарафи автовокзал кушода мешуд, берун баромадам. Дар қади роҳ чанд нафар мусофирони сӯхӣ, ки ман аз гуфтугӯяшон шинохтам, интизори мошини роҳгузар буданд. Ман ҳам ба қатори онҳо ҳамроҳ шудам. Рӯз рафтаву шом наздик мешуд. Хушбахтона, аз ҷониби Марғилон мошини боркаше омад. Ҳама ба он часпида баромаданд.
— Амак, кумак кунед, маро ба мошин шинонед,— бо ин хоҳиш гоҳ ба ину гоҳ ба он имдодҷӯёна даст дароз мекардам, аммо касе парвои маро надошт. Дидам, ки мошин омодаи рафтан аст, дари кабини ронандаро думушта кӯфтам.
— Амак, амакҷон, мана мунда наравед. Ман аз Сӯх. Набераи Мулло Ҷалол.
— Кадом Мулло Ҷалол?
— Мулло Ҷалоли ровонӣ.
— Ҳмм,— аз афти кор вай ровонӣ набуд. -Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
— Падару модарамро гум кардам.
— Тавба, онҳо чӣ хел падару модар будаанд? Хайр, аз дари дигар баро.
Чун беист оби дида мерехтам, ронанда дурӯғи маро пай набурд. Пиране, ки аз шафати ронанда ҷой гирифта буд, маро ба оғӯш кашид. Мошин ба роҳ даромад. Ман зуд худро ба хоб андохтам.
— Дурӯғ намегуфта бошад? — шубҳа мекард пиразан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё