Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Модарҷон, ман ҳеҷ дар хонадони падарандар зистан намехостам. Маро хумори қиссаву афсонаҳои модаркалон мегирифт. Лекин ту дар ҷойи бегона бе ману хохарбузургам будан намехостӣ. Дар миёни чор сол чанд карат бурдию овардиям? Ҳар дафъа туҳфае-бозичае, либоси наве ваъда медодӣ ва аксаран ба ваъда вафо ҳам мекардӣ. Аммо ягон арӯсаки урусӣ ҷойи луфтаки урфиро гирифта наметавонист, ки бароям хохарбузург дуруст мекард. Бозичаҳои магазини зуд ба дилам мезаданд. Афсонаҳои модаркалон ҳамеша тару тоза метофтанд. Ман онҳоро бо гӯши ҷон мешунидам.

Боре баъди зуҳр ногаҳ ҳамроҳи падарандарам ба Сӯх равона шудӣ. Ман дар Риштон мондан нахостам. «Ҳамагӣ якшаба ба аёдати бибии беморат меравем. Ту дар хонаи аммаат як шаб меҳмон шав, онҳо имрӯз анори ҳавлиашонро чинда истода буданд. Аз анорҳои суп-сурх хӯрда маза кун. Мо саҳари солеҳон бармегардем»,— маро розӣ кунондан мехост падарандар. Аз чӣ бошад, ки илтиҷову зоракуниҳоям ба дили касе кора накард. Шояд масъалаи ҷиддие дар миён буд, ки шумо, калонсолон, ба ман гуфтанро муносиб надонистед. Хуллас, маро ба хонаи хоҳари падарандар бурда мондеду зану шавҳар хоҳари ширмакамро гирифта рафтед. Ман рӯйи тагсинҷи айвон менишастаму пеши назар меовардам, ки бибиҷони афсонагӯям рӯйи бистари беморист. Аздусар, баробари расиданатон аз шумо мепурсад, ки «Кулулай тиллои ман ку?» Пас, шумо чӣ ҷавоб медиҳед? Охир, модаркалонам, пеш аз ҳама маро пазмон мешавад. Шавҳари майзадаи туро чӣ кор мекунад, модарҷон? Ман - дорую дармони ӯ! Дурӯғ намегӯям. Бовар накунӣ, аз худаш пурс. Вай маро «Доруҷон» ном мегирад, ҳа. Ин бесабаб нест. Мегӯяд, ки агар худат дар баракам бошӣ, дилпур мешавам. Вақте сари ӯ дард гирад, ман масҳ мекунам, зуд хобаш мебарад. Аммо агар падарандарам ба Сӯх равад, ин дарди сар аз куҷо пайдо шуд, гуфта, сар ба болин мемонад.

  • Марям!
    Ман як қад паридам.
пешина
аз 208
навбатӣ