Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ҷавонзану тифлаконаш миёни чор девор монда буданд. Аз дороии олам ҳамин чор кӯрпачаи нимдошт боқӣ монда буду бас. Ба пиндор, аҷал аз тирезае, ки ба як чашмаки шикастааш болиштеро банд кардаанд, ба дарун бо заҳрханд назар меандозад. Нафаси сарди аҷал бармало эҳсос мегардад. Э кош, зудтар баҳор мерасид. Зимистон ин қадар тӯл кашид? Фарзанди миёнааш хеле нимҷон, калониаш аз рӯзи таваллуд касалманд, дугоникҳо аз пистони модар даҳон намегиранд. Аз куҷо донанд, ки аз ин синаҳо ба ҷойи шир зардоб метаровад... Ҳеҷ гап не, агар шавҳараш аз ҷабҳа баргардад, ҳаёт ба мисли аввала ҷойи худашро мегирад. Бачаҳоро эҳтиёт кардан лозим. Ҳамсараш онҳоро ба модар бовар карда рафтааст.
Чунон ҷавонзан дид, ки ҳанӯз зимистон ба охир нарасида, ҳамсояҳо ба ҷустуҷӯйи гиёҳҳои хӯрданбоб афтодаанд, дилаш рӯшан шуд. Инак, роҳи наҷот! Агар ҳаракат карда, фарзандони калонашро ба кор андозад, кабудиҳои хӯрданӣ ҷамъ оварда, ба бозор барад, мардуми шаҳр мехаранд. Ба пули ба дастомада орду гуруну равған барин маҳсулот харидан имкон дорад.
Ҳамал нав амал мекард. Холида бо ёрии фарзандонаш хулбӯю чағчағ чида, ба тӯбра андохт ва роҳ сӯйи бозори шаҳр пеш гирифт.
— Оҷаҷон, инҳоро фурӯхта ба мо чӣ мебиёред?
— Чӣ биёрам, писарам?
— Нишолло.
— Гуфтаи ту шавад, писарам. Нишолло меорам. Ина бин-а, нагӯйӣ, фаромӯш мекардам, ҳозир Рамазон-ку. Дилатон боз чӣ мехоҳад, азизонам?
— Кулчақанд.
— Оҷаҷон, оши палав пазед. Гӯшт надошта бошад ҳам, майлаш.
— Дили ман кулчаи зағора мехоҳад.
— Курут...
Модар дар чеҳраи тифлаконаш нишонии шодмоние медид, ки кайҳо инҷониб падидор набуд. Ба тӯбраи пур аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё