Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ба деҳа «хати сиёҳ» меояд, аз хонае садои гиряву нола ба фалак дакка мезанад. Ҷанг ки ҳаст, гушнагиву азову мотам ҳам ҳаст. Чӣ илоҷ, ба сар ҳар кулфате, ки ояд, чашм мебинад. Холида-хола ҳам дар қатори дигарон рӯзона ба кори саҳро мерафту шабона дар зери равшании милмилаки чароғи сиёҳи хирасӯз чархи мошини дарздӯзиашро мегардонд. Аммо бо ин ҳама заҳмат кашиданҳо сер кардани шиками чор тифли хӯрд кори осон набуд. Аз кори пурмашаққати саҳро дасти меҳнаткаш музди кироие намедид. Он айём шиори «Ҳама чиз барои фронт, барои ғалаба бар фашизми Германия!» ҳукмфармо буд. Касе ҳақ надошт, ки аз нодорию гуруснагӣ шикоят кунад.
Дар баҳору тобистон бо азобе шикамро фириб додан имкон дошт, аммо дар айни сармои сахт чӣ метавон кард? Ҳарчанд Холида орду равғани андакро сарфакорона истифода мекард, базудӣ маҳсулоташ тамом шуд, ноилоҷ мероси модари раҳматиаш - мошинаи кӯҳнаи дардӯзиашро низ фурӯхт. Пули мошин ҳамагӣ хӯроки якҳафтаинаи фарзандонаш шуд. Модар дубора ба вартаи ноумедӣ наздик омада буд. Бечора дудаста мӯйҳояшро чанг мезад ва чашм ба фалак фиғон мекашид.... Додашро дигар ба кӣ ҳам мегуфт? Кош ин кӯдакони гӯлак андаке калон бошанд, ки ба гуруснагӣ тоб оваранд. Рӯзи дароз беист талаб мекунанд: «Оча, нон... Оча атола...» Ба ҷуз гиребони худашро гирифтан дигар илоҷе намеёфт модари дасткӯтоҳ. Оқибат тифлакони гурусна дар гирди сандалӣ афтида, хоб мерафтанд. Охирин кундаи зардолуи тар ҳам сӯхта мешуд. Дар аввали зимистон хоҳаршӯяш омада арзу доди зиёде кард. Гуфт, ки ин дарахти зардолуро як замон падарам шинонда буд. Хуллас, коре кард, ки дарахти мевадор бурида шуд ва занак дар ҷояш ҳезумро ба савдо ҳам зад. Аз он дарахти сершоху панҷа ба Холида андаке ҳезум расиду бас. «Ба хоҳаршӯям ҳам осон нест. Дар рӯйи хона се тифлу хушдомани пиру дардманд дорад. Нодорӣ маҷбураш кард, ки арра ба танаи дарахти тар гузорад»,- мегуфт Холидаи некдил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё