Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
кабудиҳои худрӯйи хӯрданбоб як назар карду бо лабони ба табассум моил дилпурона ба онҳо як чувол ваъда ҳам дод.
«Ба ҷаллобу ҳаннотон намедиҳам. Дер шавад ҳам, худам мефурӯшам. Аввал чизҳои дилҳоҳи кӯдакома мехарам, ба бақияи пул орду равған барин маҳсулот мегирам... Аз дусар дар бозор кабӯдӣ кам будагист. Гумон аст, ки дар бинии баҳор касе ба ин андоза ҷағҷағу хулбӯ ҷамъ оварда тавониста бошад. Сад шукр, Парвардигор, накушта то ба баҳорон расонидӣ. Акнун ҳар рӯз кабӯдӣ чинда ба бозор меорам. Илоҷе карда фарзандакома сер мекунам.»
Аммо ба бозор расиду ба чашмони худаш бовар накард. Тамоми растаҳо пур-пури гиёҳҳои хӯрданӣ. Дар пушти пештахтаҳо занҳои ба мисли худаш аз хунуки кабӯдшудаю бачаҳои хурдсол интизори харидоранд. Холидае, ки бо як дунё орзуҳои ширин омадааст, то шом чашми ба роҳи харидор дар бозор монд...
Дар роҳи бозгашт беист ашк мерехт. Ба чашми бачаҳом чӣ хел менигарам, мегуфту аз дарун худро мехӯрд.
Фардову пасфардо, пасон ҳар рӯз кабӯдӣ мечинду ба бозор мебурд. «Мол»-аш, ки ба савдо намерафт, орзуву умеди дилашро як-як мекушт муштипар. «Ҳеҷ фурӯшандагиро басар накардам, накардам. Имрӯз барои шумоҳо санбӯсаи беҷилду беравған пухта медиҳам» – гӯён ба танӯр алав монд. Сатили куҳнаеро ба рӯйи лахҷаҳои рахшон гузошту ба болои он паднус. Ба паднуси тафсида қабза-қабза кабӯдиҳои кӯфтаро ба мисли санбӯса батартиб чинд...
– Фарзандони ин зани сарсахт яке аз паси дигар варам карда мурдаанд, духтарам. Ҳам нахустфарзандаш, ки ҳар рӯз дар кабӯдичинӣ мададгораш будааст, ҳам кӯдаки дувуми кони саволаш, ки модарро ба бозор гуселонида, то бегоҳ чашм аз роҳи бозор намекандааст, ҳам дугоникҳои хурдсолаш, ки пистони беширро ком зада, дар ҳамон ҳолат ҷон ба Ҷонофарин додаанд, қурбонии ҷанги лаънатӣ шудаанд. Ҳамсараш ҳам аз ҷанги одамхӯр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё