Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
-
Барои одами дузд чиз қаҳт не, ҷони бибӣ. Ҳар чизи дардору нодаркорро медузданд. Сӯйи гӯристон гузарашон афтад, дастҳолӣ намебароянд. Ҳатман поракафане бо худ мебаранд. Аз кӯр асо мерабоянд, аз камбағалӣ гурусна охирин пораи нон медузданд, аз мазраъа хӯсаро ва ҳатто, аз мурдаҳои ҳазорсола ном медузданд. Дуздони бехунар моли дуздиашонро ноуҳдабароёна дасткорӣ мекунанд, то мардум нашиносанд.
-
Дасткорӣ?
-
Бале, масалан, аз Шерак Широк месозанду аз Томирис Тӯморли қиз. Афросиёбро Алп Эр Арслон мегӯянд, Тӯронро ба Туркон табдил медиҳанд, Чашмаро Чечме меноманд. Аз Чоч Тош месозанд, аз баққаҳо буққа месозанду пас аз он бек дуруст мекунанд. Танӯрро тандур мегӯянду шашликро олтилик.
-
Эҳ-ҳе!
-
Бале!
-
Гуфтед, ки аз мурдаҳои ҳазорсола ном медузданд. Оё ин имкон дорад?
-
Барои Алобуҷию пасовандони шогирди бовафояш ҳама кор имкон дорад, Онҳо соҳиби ҳарро ба думи хар мебанданду харро не, соҳиби харро полон зада савор мешаванд.
Дур намеравем, ҳамин рӯз аз интернет хондам, ки шогирдзодаи он Беноми лаънатӣ номи бузургмард Муҳаммад писари Аҳмади Хоразмиро, ки миёни солҳои 973 - 1048-и милодӣ умр ба сар бурдаву дар ҷаҳон ҳамчун Абурайҳони Берунӣ маълуму машҳур гардидааст, ноуҳдабароёна таҳриф карда, афсонае барои «хурдтаракон» бофтааст. Назар ба навиштаи он нимчаолими беаслу насаб, димоғи Абурайҳони Берунӣ нисбат ба рӯяш аз андоза зиёд калону бенамуд будааст. Бинобар ин, ӯро мардуми саросар форсигӯйи Хоразми бостон бо лафзи имрӯзаи хоразмиён «БУРУНЛИ» (тарҷумаи таҳтуллафзи «Бурунли» «Бинидор аст) лақаб мондаанд. Аз чӣ бошад, ки он олими оламшумулро ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё