Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

истифода кардан бояд. Ба юртаи бадбӯяш роҳ дод, ба ӯ тамоми санъати номардиро ёд дод ва ба расми бобоиаш ҳамчун нишони эътироф на аз пешониаш бӯсиду як пора курути саршӯй ё пишлоки бӯйнок бахшид, балки аз ду китфаш мучид. Ҳамон лаҳза ин хоин ба худ симои гурги бӯрро гирифт. Кирму гиҷҷаи ботинаш ба морону аждаҳои нафс табдил ёфтанд. Забонаш чанд метр дароз шуду ба ду шоха тақсим. Воқеан, ӯ бо ин забони душоха бо ду лафз сухан мегуфт. Қавми Алобуҷӣ ҳамтаборони шаҳрнишину чорбозоргарди шогирдашро бо қароҳат сарт ном мебурданд, ки маънояшро шайтон надонад, мо намедонем. Ин Алопӯстаки зулисонайн, ҳарчанд аз хӯрдану бурдан сер намешуд, ба Алобуҷӣ ончунон ёрӣ медод, ки ҳисобаш гум. Хуллас, ӯ ба ғуломи ҳалқабардӯши «ҳазрат»-и Беномаш табдил гашта буд. Аммо пеши мардум зоҳиран меши беозорро мемонд, чунки пеш аз мулоқот бо мардум ба тан пӯсти меши аблакеро мекашид. Аҳли содадили ин диёри накбатзада ба ӯ бовар мекарданд, дар кӯча бинанд, салому алек мекарданд, «бародар - Алопӯстак» гуфта эҳтиром ҳам мегузоштанд, чун пай намебурданд, ки тавассути ҳамин дупӯста мардум хонавайрон мегарданду тамоми моли мулк ба Яғмо бурда мешавад.

— Яғмо куҷост?

— Ҷони ман, ки бошӣ, гӯш кун: Яғмо юртаест дар даштҳои бедолу дарахти Олтой ва ё Тундраи хунуку тунук, ки хуни нопоки нофи Алобуҷӣ ба он ҷо рехтааст. Мегӯянд, ҳоло Яғмо як юртаи тангу тори беравзана нест. Яғморо бо молҳои ғаниматӣ куллан навсозӣ кардаанд, яъне, шаҳри «Олтын Орда»-и Улуси Ҷучи кардаанд, ки бо лафзи мо мешавад: Олтин Ӯрдаи улуси Алобуҷӣ!

— Бибиҷон, метарсам...

— Натарс, кулулаи тилои ман, тарс баробари марг аст! Баръакс, ба тарафи баду балоҳо бо ҷасорат нигоҳ карданро омӯз!

  • Алобуҷию Алопӯстак имрӯзҳо ҳам медузданд? Агар чунин аст, онҳо чӣ медузданд?
пешина
аз 208
навбатӣ