Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан- Ягон афсонаи «ужастики» гӯед.
- ... ???
- Нафаҳмидед? Афсонаи ваҳмоваре гӯед, гуфтан мехостам. Масалан, дар бораи деву аҷина, шайтонҳо, гургони одамхор, кафторҳои лошахор...
- ... ???
- Шумо ягон бор Алобучия дидагӣ?
- Номаша нагир, ки...
- Номи Алобучия гирӣ, чӣ мешавад?
- Номаша ба забон орӣ, дар пешат шайтон барин қад алам мекунад, ки инак, ман ба хизмат тайёр! Номаша нагир, аз бало ҳазар... Беном гӯй.
- Шумо дидаед ё не?
- Чия?
- Бенома.
- Ҳо, чанд сол пеш дида будам. Як махлуқи пакана, кифтвасеъ, мӯйлабҳош ҳамсони думи муш, ришаш айнан риши такаи ҳамсоя барин. Мӯяш - намад, кунаш - сабад, рафидарӯйи пачаку пучуқ, чашмаш писташакл, пойҳояш качал, рангаш бенуру заъфаронӣ мисли одами касал, нигоҳаш бефурӯғ, навиштаҳояш дурӯғ.
- Вай нависанда аст?
- Ҳо, ба ном нависанда, аслан як золими нимҷолим.
- Бача дорад?
- Бачаҳояш ҳама качча. Худро муршид медонаду шогирдонашро мурид.
- Беном шогирд ҳам дорад?
- Набошад-чӣ? Дорад, шогирдонаш ҳама мисли худаш дуздакони бемоя. Беҳтарин шогирдаш - аҷинарӯйи Алопӯстак.
- Алопӯстак? Пӯсташ ало-було буд магар?
- Э, як оқипадари дурӯяи хоин буд. Ҳокрангу хокистармез буд, ки дар гирду атрофи Алобучӣ ғилмида мегашт. Аввал Алобучӣ ба ин шайтони бекафшу маҳсӣ чандон бовар надошт у назараш ҳам намегирифт, аммо сонитар зеҳн монда пай бурд, ки ин ҷонвари маҳаллӣ одамсурату кафтортабиат асту аз ӯ дар бисёр маврид

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё