Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
лақаб басо хуш омадаасту ба худ минбаъд тахаллуси Берунӣ ихтиёр кардааст!
– Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ! Аз ин мебарояд, ки барои пучуқҳо одами бинибаланд бадрӯй метофтааст.
– Бале, шаҳри якчашма равӣ, якчашма бош!
– Бибиҷон, аз хандаи рӯдакан кардед. Аммо ба номи Худо, ин Алобуҷӣ, эъ, гуфтанӣ будам, ки ин Беному шогирду шогирдбачаҳои вафодораш соф нимчаолимони хомхаёлу носолим будаанд-ку. Фикр накардаанд, ки ба ҷомаи карбос куфлаки садаф намезебад?
– Ақли алобуҷиҳои нохондамулло баъди пешин медарояд.
Хоб рав, бачам, ними шаб шуд.
– Бо ҳамин тамоми?
– Эҳ, азизи ман, кош, тамоми мешуду ҷонам ором мегирифт. Афсонаҳои бофтаи он бетагу тӯша бисёранд. Ростӣ, монда шудам. Худо насиб карда бошад, шаби дигар аз гапу ҳарфҳои бардурӯғи навпонтуркҳо қисса мекунам. Лекин, бачам, ту Беномро саҳлу андак гумон накун. Ин ҳама гуфтаҳои маро сахт ба ёдат дор!
– Ҳатман, бибиҷон!
ҲУСНИ МАРГ
Зани солхӯрдаи солоре аз хона баромаду бо оҳанги ғамолуд ботааннӣ ба кадбону гуфт:
– Чӣ илоҷ, зиндагӣ ҳамин будааст. Худатонро ба даст гиреду аз пайи камбудиҳо шавед. Соатҳои башумор мондааст. Сонӣ дасту по гум мекунед. Охир, модаратон обрӯмандтарин фарди ин гирду атрофанд. Маъракаашон калон мешавад.
Ҷавонзан оби дида мерезад, зоҳиран суханҳои отунбибӣ ба гӯшаш намедароянд. Вай аз одаму олам канда шудааст. Ҳар замон бехудона «Во дарег! Во аҷали

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё