Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳавоиро ба дафтари хоҷагӣ часпонида, бозичаҳои чандсоларо боз аз амбори куҳна мебароварданд. Чунонки ҳолдонҳо мегуфтанд, он бозичаҳоро ҳанӯз солҳое харида буданд, ки мушти пӯлодии Сталини муаззам чун путк бар сари одамони фоидаҷӯю чапдаст таҳдид меовардааст. Ман дар замони салтанати «мушти пӯлодин» ҳанӯз ба дунё наомада будам. Даври бо кафши локии сарвари кишвар ба тахтаи минбар заданҳо ҳам кайҳо паси сар шуда буду мо таъми хуши загораро ҳам фаромӯш карда будем. Дигар донаҳои» муҳашшар»-ро бо номи «Кукурузные палочки» дар қуттиҳои бадсифати картонӣ, ки тасвири ҷуворӣ нимпӯстканда дошт, бо нархи воқеан ночиз ба фурӯш мебароварданд. Ана, вайро «хурум-хурум» гӯйӣ, меарзид. Ҳай, мазаи аҷибе дошт! Ҳоло ҳар сари қадам дар канори роҳ халта-халта «хурум-хурум» мефурӯшанд. Ҳатто, аз паскӯчаи мо ҳам ҳар бегоҳ ҷавони паҳлавончуссае, ки кӯҳро занад, талқон мешавад, як қанор дар пуштора молашро таърифкунон мегузарад:

– Хурум-хурум-да биё, баҷҷа! Хурум-хуруми бомазада биё, баҷҷа! Алёша-бамбёша! Давида биё! Чарида биё, баҷҷа! Алёша-да биё, баҷҷа! Бамбёша-да биё, баҷҷа!

Ва бачаҳои кӯча ғалтону хезон аз чор тараф ҷониби амаки «бизнесмен» метозанд, ки ба гуфте, «буҷаранд.»

Хуш, ман бояд бозичаҳои ҷилодори солинави ҳарам. Нагзаш, ман арча ҳам мехарам. Мегӯянд, ки Соли нав ҷашни оилавист. Аздусар, арчаи «сарсабзу хуррам»-и пластикие, ки мо дорем, ба оилаи ба қисматҳо ҷудошудаи мо камӣ мекунад. Ҳар кас мехоҳад, ки арчаи алоҳидаро ҳамчун рамзи истиқлоли хонадони нав дар манзили худаш оро диҳад.

Замоне, ки мо кӯдак будем, дар тамоми шаҳрак як арча рост карда мешуд: дар мактаб! Мо, хонандагони синфҳои поёнӣ, (ба хаёлам, на танҳо мо, хурдсолон, ҳатто, духтару писарони наврас аз синфҳои болоӣ низ) рӯзи 31-уми декабрро бесаброна интизор мешудем. Ҳамин ки устои мактаб ҳамроҳи посбони таълимгоҳ аз кӯҳи Лазар ниҳоли ростини сарсабзу хуррами бурсро бурида

пешина
аз 208
навбатӣ