Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
меоварданд, чӣ қадарҳо ҷастухез мекардем, гирд-гирди дастандаркорон мегаштем, моро пеш мекарданд, мегуфтанд, ки ба кор халал нарасонем, аммо мо парвои сарзаниши калонсолонро надоштем. Ниҳоят, арчаро ба миёнҷои толори варзишӣ насб мекарданд (он солҳо толору маҷлисгоҳҳо дар мактабҳо расм набуданд), шохаҳои захмдидаву ночорастаи онро пероиш медоданд. Сипас, гурӯҳе аз духтару писарони синфҳои болоӣ бо сарварии сарпионервожатии мактаб - апаи Фазилат дари варзишгоҳро аз дарун баста, ба ҳар тора шоху барги арчаи пероста ороишҳое гӯиё аз лаълу ёқут, алмосу пирӯза мебастанд. Мо, кӯдакон, аз сӯрохии қулф бонавбат рафти кори онҳоро тамошо мекардем. Лаҳза ба лаҳза арчаи мо ба арӯси воқеӣ мубаддал мегардид! Оҳ, ман чӣ қадарҳо мехостам, ки мисли ҳамон арчаи солинавии ороставу пероста, сар то пой ғарқай дурру гуҳар, хуллас, мавриди таваҷҷуҳи хосу ом бошам!
Бале, он айём ин орзуи дастнораси ман буд. Аслан, либоси Бобои барфию Барфак ҳам нав набуданд. Ҳама аз соли куҳан ба ёдгормонда... Бо вуҷуди ин, ман орзу мекардам, ки ақалан як бор либоси Барфакро ба тан гирам.
Барои набераҳо ҳар сол либоси нави солинавӣ мегирем. Имсол ҳам аз мӯди наваш бояд бихарем...
– Мегӯм, холай, бибий, рӯзмон бите! Як тараф бииист, охир. Пакупкаҳомона ин тараф бигирем!
– Марҳамат, духтари ҷон.
Ниҳоят, навбати ман ҳам мерасад.
Дар даст қуттиҳои сабуки чиноӣ, вақте вориди ҳавлӣ мешавам, Нируҷони бибӣ бо шодмонӣ мегӯяд:
– Симин, Виро, Доро, Найсон, Соро, берун бароед, Бобои барфӣ омад!
Ба сару тани пурбарфи хеш менигараму бедард механдам. Бале, нақши Барфак акнун ба тану тӯши ман мувофиқ намеояд. Ин нақшро дар ҷашни оилавӣ Симин хоҳад бозид.
Ба осмон менигарам. Беист барф меборад, беҳисоб, лак андар лак. Аз сӯйи Қасри миллат Парчами давлатӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё